Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст

Апрель 13, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 13.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона 31 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда,  дар ғарби вилоят шабона  6+11 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.

Дар вилояти Суғд ҳавои ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2+7 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм дар назар дошта  шудааст.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда,   шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм ва  рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона  29+31 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 13, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад