Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва раъду барқ ба амал меояд

Апрель 27, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 27.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва раъду барқ ба амал меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат  ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо шабона борони кӯтоҳмуддат ба амал омада, рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона бошад 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Саҳаргоҳон ва рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13+15 дараҷа ва рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 27, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст