Имрӯз дастаи «Регар-ТадАЗ» бо «Ҳосилот», «Эсхата» бо «Равшан» ва «Хатлон» бо «Кӯктош» рақобат мекунанд

Апрель 25, 2023 11:45

ДУШАНБЕ, 25.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз шуда, то 26 апрел идома меёбад. Дар ин давр дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва «Истиқлол»- и шаҳри Душанбе бо КМВА-и шаҳри Душанбе рақобат мекунанд.

Аз ин пештар 15-16 апрел бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор гардида буд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ байни ҳам рақобати ҷолиб нишон доданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардида, бо ҳисоби 2 бар 0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Алишер Ҷалилов ва Манучеҳр Ҷалилов ба нишон расониданд. Алишер Ҷалилов аз ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд.

Қобили тазаккур аст, ки дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо касби 10 имтиёз садрнишин аст. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо доштани 9 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бе имтиёз дар зинаи охири ҷадвали мусобиқа ҷой гирифтааст.

Ҳоло беҳтарин нишонзани мусобиқа пас аз даври чорум Манучеҳр Ҷалилов аз дастаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 5 гол маҳсуб мешавад.

Натиҷаи бозиҳои даври  чоруми  Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ

 «Истиқлол»- «Кӯктош»  2:0  

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 23 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 88 (2:0)

Шаҳри Душанбе, «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», 500 тамошобин

КМВА – «Файзканд» – 1:1

Голҳо: Хуршед-Тимур  Ҷураев, 38 (1:1). Анушервон  Наврӯзов, 90+3 (1:1).

«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата» – 0:1

Гол: Сандҷар  Рисқибоев, 58.

 «Хуҷанд» – «Равшан» – 0:0

«Хатлон» – «Ҳосилот» – 1:0

Гол: Рустамҷон  Кучкаров, 68.

Натиҷаи  бозиҳо  дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ  

    Б Ғ М Б Г-Г Х
1 «Истиқлол» (Душанбе) 4 3 1 0 9-2 10
2 «Эсхата» (Хуҷанд) 4 3 0 1 6-3 9
3 «Хатлон» (Бохтар) 4 2 0 2 2-5 6
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 4 1 2 1 6-4 5
5 «Ҳосилот» (Фархор) 4 1 2 1 5-3 5
6 «Равшан» (Кӯлоб) 4 1 2 1 3-2 5
7 «Файзканд» (Восеъ) 4 1 2 1 6-6 5
8 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 1 2 1 3-6 5
9 КМВА (Душанбе) 4 0 3 1 3-4 3
10 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 4 0 0 4 2-10 0

 

 Беҳтарин бозингарон: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 5 голӣ, Алишер  Ҷалилов («Истиқлол»), Шавкати Ҳотам («Файзканд»), Бахтиёр Зарипов («Эсхата») – бо  3 голӣ, Тоҳир Малодустов («Равшан»), Мусиси Фароук  («Ҳосилот»), Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»)  ва  Алишер  Шукуров («Кӯктош») – бо  2  голӣ мавқеъ доранд 

Бозиҳои  даври  шашуми  Чемпионати Тоҷикистон-2023  оид  ба  футбол  байни дастаҳои Лигаи олӣ  

25 апрел (сешанбе)

Оғоз – соати 16:30

«Хатлон» – «Кӯктош»

Довари марказӣ: Рустам Нурматов (Душанбе).

Ёварон: Исломҷон Холиқов, Шарифбек Нуруддинов (ҳарду аз Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Нозири доварон: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).

 Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

25 апрел (сешанбе)

Оғоз – соати 16:30

«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот»

Довари марказӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Ёварон: Ҳасан Каримов (Норак), Рустамбек Хуҷаев (Қубодиён).

Довари эҳтиётӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Алишер Парпиев (Бохтар).

 Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

25 апрел (сешанбе)

Оғоз – соати 16:30

«Эсхата» – «Равшан»

Довари марказӣ: Насрулло Кабиров (Норак).

Ёварон: Вафо Қараев (Шаҳринав), Акмал Бӯриев (Турсунзода).

Довари эҳтиётӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доварон: Рустам Абдуллоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»

26 апрел (чоршанбе)

Оғоз – соати 16:30

«Хуҷанд – «Файзканд»

Довари марказӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Ёварон: Холмурод Абдусаломов, Ғайрат Рӯзибоев (ҳарду аз Шаҳринав).

Довари эҳтиётӣ: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ).

Комиссари бозӣ: Пӯлод Қодиров (Душанбе).

 Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»

26 апрел (чоршанбе)

Оғоз – соати 18:30

«Истиқлол» – КМВА

Довари марказӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварон: Фарҳод Куралов (Душанбе), Ҷӯрабек Содиқов (Варзоб).

Довари эҳтиётӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Кӯшониён).

Комиссари бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Ёдовар мешавем, ки қаблан бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон-2023  оид  ба  футбол  байни дастаҳои Лигаи олӣ   ба рӯзҳои захиравии тақвим гузаронида шуда, 28, 29 ва 30 июни соли равон дар варзишгоҳҳои  мамлакат  баргузор мегарданд.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»        

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 25, 2023 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2024». Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 1 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73 кг медали нуқра ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73 кг ба финал баромад
Имконияти рушди ҷудо дар Тоҷикистон дар мулоқот бо мудири кулли Федератсияи байналмилалии ҷудо баррасӣ шуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Обид Ҷебов дар вазни -66 кг соҳиби медали нуқра гардид
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муллораҷаб Халифаев медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60 кг медали тилло ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60 кг ба финал роҳ ёфт
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Ҳақдод Гулов барои медали биринҷӣ мубориза мебарад