Ҳиндустон аз рӯи шумораи аҳолӣ аз Чин пеш гузашт
ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Ҳиндустон яке аз сераҳолитарин мамлакати дунё гардида, бо ин нишондиҳанда аз Чин пеш гузашт. Тавре «АЗЕРТАҶ» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус нашрияи «MarketWatch» бо истинод ба таҳлили пешгӯиҳои СММ хабар додааст.
Мувофиқи маълумоти созмони мустақили «World Population Review», то 17 апрел дар ин давлат 1 425 937 441 (1 миллиарду 425 миллиону 937 ҳазору 441) нафар аҳолӣ дар муқоиса бо 1 425 744 008 (1 миллиарду 425 миллиону 744 008) нафар шаҳрванди Ҷумҳурии мардумии Чин зиндагӣ мекунад.
«MarketWatch» ишора мекунад, ки Ҳиндустон дорои иқтидори бузурги иқтисодӣ мебошад ва ин на танҳо ба шумораи аҳолӣ, балки ба таркиби он низ вобаста аст. Дар ҷумҳурӣ ба ҳар 100 нафар аҳолии қобили меҳнат 47 маъюб рост меояд, ҳол он ки 25 сол пеш ба ҳар 100 нафар аҳолии қобили меҳнат 68 маъюб рост меомад. То соли 2048 ин таносуб то ба 45 коҳиш ёфта, кишвар дар феҳристи давлатҳои дорои арзишҳои пасттарини ин нишондиҳанда аз ҷойи 43 ба зинаи 23-юм мебарояд.
Дар Чин ба ҳар 100 нафари аҳолии қобили меҳнат 45 маъюб рост меояд, аммо пас аз 25 сол ин рақам ба 68 нафар мерасад.
Ҳиндустон давраи ба истилоҳ дивидендҳои демографиро аз сар мегузаронад, ки ба он рушди иқтисодӣ дар пасманзари ҳиссаи ками аҳолии ғайри қобили меҳнат хос аст.
Моҳи январ Созмони омории «World Population Review» пешгӯӣ карда буд, ки Ҳиндустон метавонад соли 2023 аз ҷиҳати аҳолӣ аз Чин пеш гузарад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
Акс: «АЗЕРТАҶ»








Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид






