КАСЕ, КИ ЯК БОР ДУШАНБЕРО ДИД, УМРБОД ОШИҚАШ МЕШАВАД. Шоир Низом Қосим пойтахти тоҷиконро шаҳри дилбанди ба ҷон пайванд номид

Апрель 15, 2023 09:33

ДУШАНБЕ, 15.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Касе, ки як бор Душанберо дид, умрбод ошиқаш мешавад. Симои ин шаҳри дилбанди ба ҷон пайванди мо, ба хусус дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, ба тамом тағйир ёфт ва имрўзҳо ҳар рўзу соат зеботару дилработар мешавад. Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим дар мақолааш, ки таҳти сарлавҳаи «Шаҳри дилбанди ба ҷон пайванд» дар китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон» (Душанбе, ЭР-граф, 2019) ба чоп расидааст.

«Вақте ки рўзони файзбахшу шабони пурдурахш дар хиёбону гулистонҳои ин шаҳр тифлони хушболу модарони хушиқбол, пирони оқилу ҷавонони пурдилро мебинӣ, ки пайи заҳмату муҳаббату фароғати хешанд, ба қадри ҷонфишониву фидокории Пешвои миллат, Ваҳдати пояндаи мардуми мамлакат, сиёсати созандагиву бунёдкориии ҳукумат бештар мерасӣ ва ба ояндаи неки ин миллату давлат ва ҳикмати мақоми шахс дар таърих бовар мекунӣ»,- мегўяд шоир.

Низом Қосим тазаккур додааст, ки «дар ҳақиқат, агар ватандўстии беназир ва ҷасурии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори саропои Ватан дили хуншори онро эҳёву даво бахшида бошад, дурандешиву фардобинӣ ва ободкории зебопарастиашон Душанберо ба як шаҳри бемонанди замон табдил дод.

«Ва ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, ки шаҳриёри ҷавон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷавонии пурорзуи хешро бедареғ ба ин шаҳри орзуву ормони миллат мебахшанд, симои онро босуръату босанъат нав мекунаду беш аз пеш ба боғшаҳри замонавӣ табдилаш медиҳад, ҳикмати пиронаашро нигоҳ медораду ҳиммати ҷавонмардонаашро меафзояд. Ҳеҷ ҷои тааҷчуб нест, чун дар дилаш ҳамон ҳиммату ҳикмати аҷдод ҷўш мезанад, дар шарёнаш ҳамон хуни ватанпарастиву миллатдўстӣ ва ободкориву бунёдкорӣ идома дорад!»,- иброз доштааст ў.

Шоири номдори тоҷик ёдоварӣ мекунад, ки «чилу нуҳ сол пеш, вақте ки қисмат ниҳоли умрамро дар ин ҷо решапайванд кард, ин шаҳр дигаргун буд. Ва аз ҳамон замон ин ҷониб, ҳар боре ки аз канораш мераваму баъди чанде бармегардам, онро боз ҳам дигаргунтар дармеёбам. Дигаргунтар, яъне ошнотар, босафотар, дилкушотар…Рўз то рўз шаҳри ман мешавад он».


Мисраҳои зерин бори дигар аз муҳаббати самимии шоир ба Душанбеи ҳамешабаҳор дарак медиҳад:

Ҳафтаам бо номи ту сар мешавад,
Моҳам аз меҳрат мунаввар мешавад,

Чор фасли сол ҳастам ҳамбарат,
Саргузашти ман гузашта аз сарат,

Эй Душанбе, шаҳри бемонанди ман,
Шаҳри дилбанди ба ҷон пайванди ман.

Ҳам дили ман, ҳам дилороӣ манӣ,
Тахти Сомону Бухорои манӣ,

Ному кому шири дар қанди манӣ,
Рўҳи Айниву Самарқанди манӣ,

Эй Душанбе, шаҳри бемонанди ман,
Шаҳри дилбанди ба ҷон пайванди ман.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 15, 2023 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад