МУОМИЛОТИ ҒАЙРИНАҚДӢ ЧӢ МАНФИАТ ДОРАД? Ва ё баъди гузаштан ба он навбатпоӣ дар назди банкоматҳо барои гирифтани пули нақд кам мегардад?

Апрель 29, 2023 16:28

ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гузаштан ба муомилоти ғайринақдӣ тариқи ҳамёнҳои мобилӣ ва ё кортҳои пластикӣ барои рушди иқтисодиёти мамлакат чӣ манфиат дорад?

Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» ба  сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои молиявии рақамии Идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон  Фирдавс АБДУҒАНИЕВ муроҷиат намуд, ки фишурдаи он манзур мегардад.

АМИТ «Ховар»: Лутфан,  дар бораи бартарияти  гузаштан ба муомилоти ғайринақдиро каме маълумот медодед.

Фирдавс Абдуғаниев: Оммавӣ гардидани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ, аз ҷумла кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва ғайра ҳангоми пардохти молу хизматрасонӣ ба вусъати  ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилоти пулии мамлакат мусоидат намуда, якчанд  бартарият фароҳам меорад, аз ҷумла дар иқтисодиёт ҷараёнҳои молиявӣ шаффоф гардида, ҳаҷми иқтисодиёти ғайрирасмӣ қоҳиш меёбад ва боиси зиёдшавии воридоти маблағҳои андоз мегардад.

Инчунин ба ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Ҳамзамон пардохти молу хизматрасонӣ, бахусус пардохтҳои давлатӣ осон ва дастрас гардида, талаботи аҳолӣ ба пули нақд коҳиш меёбад. Дар натиҷа навбатпоӣ дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд кам гардида, боиси сарфаи вақту хароҷоти роҳкирои аҳолӣ мегардад. Инчунин ташкилоти қарзии молиявӣ имкон пайдо менамоянд, ки  амалиёти иловагиро коҳиш дода, вақтро сарфа намоянд ва бо тезонидани суръати пешниҳоди хизматрасонии бонкӣ муштариёни навро ҷалб созанд.

АМИТ «Ховар»: Бa роҳ мондани амалиёти ғайринақдӣ ба буҷаи ҳар шахсе, ки аз он истифода мебарад, чӣ манфиат дорад?

Фирдавс Абдуғаниев: Тавре қаблан таъкид намудам, муомилоти ғайринақдӣ, яъне ба роҳ мондани амалиёти ғайринақдӣ боиси сарфаи вақт ва хароҷоти роҳкирои аҳолӣ мегардад. Дар айни замон аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ барои истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ва вусъати пардохтҳои ғайринақдӣ «Cash back», яъне баргардонидани маблағи муайян ба муштарӣ дар мавриди пардохти ғайринақдӣ аксияҳои бурднок, бонусҳо, пешниҳоди фоиз ба бақияи суратҳисобҳои кортҳои пардохтӣ ва чораҳои ҳавасмандгардонӣ ташкил карда мешаванд, ки ба манфиати аҳолӣ мебошад. Инчунин дигар бартарияти анҷом додани амалиёти ғайринақдӣ — идораи буҷети шахсӣ мебошад, яъне истифодабаранда имкон пайдо мекунад, ки даромад ва хароҷоти худро тариқи замимабарномаҳои мобилӣ назорат намояд.

АМИТ «Ховар»: Бонки миллии Тоҷикистон барои гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ байни шаҳрвандон ва коршиносон  назарсанҷӣ гузаронида буд ва он чӣ натиҷа дод?

Фирдавс Абдуғаниев: Моҳи апрели соли гузашта Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Муносибати аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ» назарсанҷӣ гузаронид, ки ҳадафаш муайян намудани ҳолати ҳисоббаробаркунии нақдӣ ва ғайринақдӣ ва муносибати аҳолӣ нисбат ба ин масъала буд.

Дар назарсанҷӣ 1 608 респондент (Хатлон – 35,8%, Суғд – 24,8%, НТҶ – 17,5%, Душанбе — 12,6%, ВМКБ – 9,3%) иштирок кард, ки аз онҳо 1 005 нафар ё 62,5% мард ва 603 нафар ё 37,5% зан буд. Инчунин саволномаи назарсанҷӣ дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир карда шуд ва дар маҷмуъ 429 нафар (382 нафар ё 89%-ро мард ва 47 нафар ё 11% зан) ҷавобҳои худро пешниҳод намуданд. Респондентҳо бо усули тасодуфӣ аз байни нафароне, ки дар маҳалҳои серодам, бозор, марказҳои савдо, корхонаҳо қарор доштанд, интихоб ва ба пурсиш фаро гирифта шуданд.

Натиҷаи назарсанҷӣ нишон дод, ки сабабҳои асосии кам истифода намудан аз воситаҳои электронии пардохтӣ- ин сатҳи пасти саводнокии молиявии аҳолӣ, надоштани маълумоти кофӣ оид ба бартарияти пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (ВЭП), инчунин гаронии нархи интернет  ва мушкилоти дастрасӣ ба он дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз ҷиҳати амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ аз як корт ба корти дигар тариқи ҳамёнҳои мобилӣ чӣ қадар маблағ ситонида мешавад?

Фирдавс Абдуғаниев: Ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолияти худро мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», меъёрҳои байналмилалии идоракунии корпоративӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иҷозатномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон мустақилона амалӣ менамоянд ва вобаста ба ин муайян намудани ҳаққи хизматрасонии бонкӣ низ аз ҷониби онҳо гузаронида мешавад. Тибқи маълумоти ташкилоти қарзии молиявӣ, ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли маблағҳои пулӣ аз кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ ба дигар кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ аз 0 то 2 фоизро ташкил медиҳад. Вале  ҳангоми хариди молу хизматрасонӣ бо истифодаи кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ аз муштарӣ ҳаққи хизматрасонӣ ситонида намешавад.

АМИТ «Ховар»: Гузариш ба пардохти ғайринақдӣ то куҷо метавонад ба рушди ҳукумати электронӣ дар мамлакат мусоидат намояд?

Фирдавс Абдуғаниев: Яке аз ҳадафҳои асосии ташаккули ҳукумати электрониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи сифат, сода ва кам кардани хароҷоти маъмурӣ, дастрас будани хизмати иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон расонида мешаванд, ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин рушди хизматрасонии фосилавии бонкӣ, аз қабили Интернет – бонкинг, бонкдории мобилӣ, кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва оммавӣ гаштани пардохтҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла пардохти хизматрасонии давлатӣ аз ҷониби аҳолӣ ба ташаккули Консепсияи ҳукумати электронӣ мусоидат менамояд.

 Марзия САИДЗОДА,
АМИТ  «Ховар» 

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 29, 2023 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9546 то 10.9800 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро бо Словакия дар соҳаи роҳу нақлиёт тақвият медиҳад