НАМУНАИ ИБРАТ! 40 нафар хизматчиёни давлатии навоҳии минтақаи Рашт фарзандони худро ба сафи Артиши миллӣ гусел карданд
РАШТ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Мо, ҷавонон, пайравони Пешвои миллатем!» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.
Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд, ки дар натиҷа ноҳияҳои Сангвор 100%, Лахш 100%, Тоҷикобод 103%, Нуробод 101% ва Рашт зиёда аз 100 фоиз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.
Дар ҳамоиш раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои нек наваскаронро гусел карданд.
Дар ин маъракаи ватандӯстона зиёда аз 40 нафар хизматчиёни давлатии навоҳии минтақаи Рашт бо масъулияти баланди ватандорӣ барои намунаи ибрат гардидан фарзандони худро ба сафи Артиши миллӣ гусел карданд.

Дар ин чорабинии идона корманди шуъбаи фарҳанги ноҳияи Рашт Маҳмадамин Қурбонов фарзандаш — Исмоилҷон Қурбонзодаро ба сафи Артиши миллӣ гусел кард. Маҳмадамин иброз дошт, ки фарзандамро баҳри ҳимояи Ватани азизам бо хушнудию хурсандӣ сафарбар намудам.
«Бояд падару модарони азиз масулият ҳис намуда, барои ҳифзи нангу номуси миллиии хеш фарзандонашонро барои хизмати Ватан-Модар фиристанд ва қарзи мардонагии хешро дар назди Ватан иҷро намоянд», — тазаккур дод ӯ.
Дар ҳамоиши мазкур ба 130 нафар наваскароне, ки курси ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа»-ро аз ҳисоби Вазорати мудофиа ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Модари даъватшаванда аз ноҳияи Тоҷикобод Шарофат Искандарова изҳор намуд, ки «имрӯз мо модарон аз он ифтихор менамоем, ки фарзандони мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон камари ҳиммат бастаанд ва ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ шомил гардиданд. Мо, занону бонувони ноҳияи Тоҷикобод сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро содиқона дастгирӣ намуда, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия менамоем. Имрӯз мебинем, ки чӣ гуна фарзандони мо масъулияти ватандориро ҳис намуда, бо сари баланд ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд».
Иброз гардид, ки моро зарур аст, доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем ва нагузорем авзои манфии зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон ба давлати соҳибистиқлоли мо, ки дар марҳилаи рушд қарор дорад, хавфу хатар эҷод намояд. Хизмат намудан ба Ватан ва миллати худ барои ҳар ҷавонмард, ки марзу бум ва хоку оби мамлакат барояш азиз аст, қарзи муқаддас ва мояи ифтихор мебошад.
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзур карданд.
АКС: АМИТ «Ховар









Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст






