НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Ғолибон ва ҷоизадорони он муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Ниммарафони XIII байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Мусобиқаи мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта, дар асоси татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор карда шуд.
Дар маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе нахустин мусобиқаи миллии мамлакат мебошад, ки дар рӯйхати мусобиқоти Асотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидааст.
Дар Ниммарафони XIII байналмилалии Душанбе иштироки варзишгарон аз Қазоқистон, Узбекистон ва Эфиопия, инчунин алоқамандону варзишгарони касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, аз қабили кормандони сафоратхонаҳо, намояндагони дипломатӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, иштирок намуданд.
Ниммарафони байналмилалии Душанбе соли сездаҳум аст, ки бо мақсади рушду инкишофи намуди варзиши сабук, таъмини оммавияти варзиш, дарёфти беҳтарин марафончиён дар масофаҳои дур ва таҳкими дӯстию ҳамкорӣ миёни варзишгарони шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ ва робитаҳои иқтисодиву маърифатӣ баҳри таҷлили шоистаи Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад.
Ниммарафони XIII байналмилалии Душанбе-2023 аз назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи Пойтахт» тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то гардиши собиқ дидбонгоҳи БДА «Чорбоғ», бозгашт то кӯчаҳои Ҳофизи Шерозӣ-Карамов ва бурриши кӯчаи Карамов-хиёбони Рӯдакӣ то анҷом майдони “Дӯсти” дар масофаи 21 км 097 метр баргузор гардид.
Ҳамин тариқ, пас аз тай намудани масофаи зикргардида, ғолибон муайян гардиданд.
Байни мардҳо:
Ҷойи якум — Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)
Ҷойи дуюм — Тилаҳун Гирма (Эфиопия)
Ҷойи сеюм — Рахимжан Ҳелманов (Қазоқистон)
Ҷойи чорум — Самариддин Азимов (Тоҷикистон)
Ҷойи панҷум — Зуҳуршоҳи Наҷмиддин (Тоҷикистон)
Ҷойи шашум — Меҳроб Одинаев (Тоҷикистон)
Байни занҳо:
Ҷойи якум — Екатерина Тунгускова (Узбекистон)
Ҷойи дуюм — Улиана Кузминова (Тоҷикистон)
Ҷойи сеюм — Зулҳиҷҷа Ғаффорзода (Тоҷикистон)
Ҷойи чорум — Раҷабмоҳ Абдуллоева (Тоҷикистон)
Ҷойи панҷум- Маҳина Баротова (Тоҷикистон)
Ҷойи шашум — Марҷона Маҳкамбекова (Тоҷикистон)
Варзишгароне, ки ҷойҳои 1-ум то 6-умро байни мардон ва занҳо ишғол намуданд, дар алоҳидагӣ бо мукофотпулӣ аз 39200 сомонӣ (3500$), 33600 сомонї (3000$), 28000 сомонӣ (2500$), 22400 сомонӣ (2000$), 20160 сомонӣ (1800$), 16800 сомонӣ (1500$) ва диплому ҷом дар толори Кохи Суруш қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе/АМИТ «Ховар»













Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






