Низоми бонкии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, аз 10 то 16 апрел сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода барои иштирок дар ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон баргузор гардид.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Ли Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода изҳор дошт, ки “ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор дар татбиқи муваффақонаи кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳ доштани суботи иқтисодӣ ва молиявӣ дар мамлакат саҳми арзанда дорад. Сарфи назар аз вазъи номуайян дар минтақа дар иқтисодиёти миллӣ рушди устувор ба мушоҳида мерасад”.
Мавсуф афзуд, ки Тоҷикистон дар таҳкими устувории бахши молиявӣ ва барқарор кардани эътимод ба бахши бонкӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Ислоҳоти ҷорӣ, ки ҳадафи он таъмини шаффофияти ҳисоботи молиявӣ, пурзӯр намудани талабот ба сармоя, беҳтар кардани идоракунии хавфи қарзӣ ва ҷорӣ намудани идоракунии корпоративӣ мебошад, имкон дод, ки низоми бонкӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.
Инчунин Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи Бо Лиро ба масъалаи оғоз кардани гуфтушунид ва тасдиқи барномаи нави Хазинаи байналмилалии асъор барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳим арзёбӣ гардида, ба нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ, дастгирии буҷет, инчунин таъмини хизматрасонии қарзи берунӣ нигаронида шудааст, ҷалб намуд. Дар баробари ин, Тоҷикистон омодагии худро барои амалӣ намудани тадбирҳои таъхирнопазири вазъи иқтисодии мамлакат дар оянда изҳор намуд, ки ҳамкории дуҷонибаи судмандро тақозо менамояд. Бо Ли изҳор дошт, ки роҳбарияти Хазина оғоз намудани гуфтушунидро оид ба Барномаи нави Хазина баррасӣ менамояд.
Ҳамзамон дар доираи сафари кории ҳайати Тоҷикистон ба Вашингтон мулоқоти намояндагони мамлакат бо директори Департаменти давлатҳои Шарқи наздик ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор Ҷиҳод Азур доир гардид. Дар он Раиси Бонки миллии Тоҷикистон низоми бонкии Тоҷикистонро муаррифӣ карда, таъкид намуд, ки маҳз вокуниши саривақтии Хазинаи байналмилалии асъор ба давлатҳои аъзо ҷиҳати устуворӣ ва мутобиқат ба таъсири омилҳои берунӣ кумак мерасонад. Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадилии нархҳо ва раванди танзими ҳаҷми пул дар муомилот татбиқи сиёсати пулию қарзиро тавассути истифодаи воситаҳое идома медиҳад, ки таъсири омилҳои монетариро ба болоравии сатҳи нархҳо маҳдуд менамоянд. Дар ин замина ба роҳ мондани кумаки техникии Хазинаи байналмилалии асъор дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар шароити ҳадафгирии таваррум, дастгирии техникӣ барои рушди бахши суғурта, ҷалби мушовирони дарозмуддат дар бахши суботи молиявӣ, таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла муайян, идора ва кам кардани таъсири хавфҳои молиявӣ, гузаронидани стресс-тестҳои фаъолияти бонкҳо ва низоми назорати бонкӣ дар доираи стандартҳои Базел муҳим дониста шуд. Директори Департаменти давлатҳои Шарқи наздик ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор Ҷиҳод Азур омодагии худро ба муколамаи озод ва ҳамкории судманди ояндадор баён намуда, аз комёбиву пешравиҳое, ки имрӯз Тоҷикистон ва махсусан Бонки миллӣ ноил гаштааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҳамзамон ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии мамлакатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ ширкат намуд, ки дар он масъалаҳои ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон, вазъи нооромии геосиёсӣ дар минтақа, болоравии сатҳи таваррум ва чораҳои пешгирикунанда роҳандозӣ шуда, пешбурди сиёсати пулию қарзии қатъӣ ва пардохтпазирии бонкҳо, буҳрони энергетикӣ, инчунин дигар масоили муҳими дорои аҳамияти ҷаҳонӣ муҳокима гардид. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон саҳми Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳониро дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат назаррас ҳисобида, таъкид намуд, ки маҷлиси машваратӣ аз лиҳози муколамаи бисёрҷониба дар баробари афзоиши номуайяниҳои иқтисодӣ дар минтақа муҳим мебошад. Дар баробари ин, бо мақсади коҳиши хавфҳо ва таъсири дигар пайомадҳои манфӣ ба низоми молиявию бонкӣ Бонки миллии Тоҷикистон чораҳои таъхирнопазир амалӣ намуд, ки ба устувории нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ ва тақвияти эътимоди аҳолӣ ба он замина гузошт.
Инчунин якчанд ислоҳот дар низоми бонкӣ, аз қабили таъмини шаффофияти ҳисоботдиҳии молиявӣ, беҳтарсозии идоракунии хавфҳои қарзӣ, ҷорӣ намудани идоракунии корпоративӣ дар бонкҳои давлатӣ ва амалӣ намудани бонкдории исломӣ дар низоми молиявӣ роҳандозӣ карда шуд. Яке аз самтҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ ва расидан ба мақсаду ҳадафҳои гузошташуда- ин идома додани ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, барои роҳандозӣ намудани ислоҳоти сохторӣ ва самарабахшу таъсиррасонии он ба иқтисодиёт, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ тавассути расонидани кумакҳои техникӣ, машваратҳои методӣ ва ғайра нақши калидӣ доранд. Вобаста ба ин, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ва коҳиш додани осебпазирӣ ҳамкории наздики Хазинаи байналмилалии асъор бо давлатҳои аъзо тавассути ба роҳ мондани мониторинг, тақвияти малакаи касбӣ ва пешниҳоди қарз зарур мебошад.
Дар раванди сафари корӣ ҳайати Тоҷикистон бо ноиби Президенти минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Шарқи наздик, давлатҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Покистон Ҳела Шейхрухоу мулоқот намуда, масоили ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявиро баррасӣ намуданд. Таъкид шуд, ки солҳои охир дар доираи ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ, аз қабили санадҳои низоми пардохт, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии молиявӣ, Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 таҳия гардид.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон