Ҳокими шаҳри Флорида бар асари обхезӣ ҳолати фавқулода ҷорӣ намуд

Апрель 14, 2023 17:58

ДУШАНБЕ, 14.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳокими шаҳри Флорида Рон Десантис дар минтақаи Брауард бар асари обхезие, ки дар натиҷаи борони шадид ба амал омад, вазъияти фавқулода эълон кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.

Бино ба рӯзномаи «The New York Times», бороне, ки рӯзи душанбе оғоз шуда, рӯзи чаҳоршанбе шиддат гирифт, ҳоло тадриҷан коҳиш ёфта истодааст. Давоми 24 соати охир дар баъзе минтақаҳо зиёда аз 600 милиметр борон боридааст.

Тавре қаблан ширкати телевизионии CNN бо истинод ба обуҳавошинос Анна Торрес — Васкез хабар дод, чунин нишондиҳандаи бориш дар як рӯз дар иёлати Флорида аҳён-аҳён вомехӯрад. «Ин дар ҳазор сол як маротиба рух медиҳад ё не», — иброз дошт ӯ.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 14, 2023 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст