Ғолибони бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд

Апрель 17, 2023 15:13

ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 апрел   бозиҳои  даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Дар ин давр    дастаҳои  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ    рақобати ҷолиб карданд.    

Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе    доир гардида, бо ҳисоби 2  бар 0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  Алишер Ҷалилов ва Манучеҳр Ҷалилов ба  нишон расониданд. Алишер Ҷалилов аз ҳайати дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе  беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд.

Хотиррасон  мешавем, ки дар даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон  дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар шаҳри Хуҷанд  бо дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  вориди рақобат мегардад. Вохӯрии дастаҳо 21  апрел дар варзишгоҳи «Спартак»  доир мегардад.  Дастаи футболи   «Кӯктош»-и  ноҳияи Рӯдакӣ дар даври навбатӣ 20 апрел бо дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе   дар мизбонӣ бозӣ мекунад.

Натиҷаи бозиҳои даври  чоруми  Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ

 «Истиқлол»- «Кӯктош»  2:0  

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 23 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 88 (2:0)

Шаҳри Душанбе, «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», 500 тамошобин

КМВА – «Файзканд» – 1:1

Голҳо: Хуршед-Тимур  Ҷураев, 38 (1:1). Анушервон  Наврӯзов, 90+3 (1:1).

«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата» – 0:1

Гол: Сандҷар  Рисқибоев, 58.

 «Хуҷанд» – «Равшан» – 0:0

«Хатлон» – «Ҳосилот» – 1:0

Гол: Рустамҷон  Кучкаров, 68.

Ёдовар  мешавем, ки  12 апрел  бозиҳои  даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ байни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар доир шуд.

Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби 0 бар 1 ба нафъи дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар анҷом ёфт. Голи ягонаро дар идомаи вохӯрӣ Умарҷон Шарипов аз ҳайати дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар дақиқаи 75-ум ба нишон расонид.   Умарҷон Шарипов аз ҳайати дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуда буд.

Ин аввалин ғалабаи дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ маҳсуб мешавад. Қаблан дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар бозии даври аввал аз дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 3 бар 1 ва дар бозии даври дуюм аз дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб гардида буд.

Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб аввалин бохташро ба қайд гирифт. Онҳо дар бозии даври аввал ба муқобили дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуда, дар бозии даври дуюм ба муқобили дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе 0 ба 0 мусовӣ бозӣ карданд.

Дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо касби 10 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқот аст. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бо доштани 9 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Дастаи  футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бе имтиёз дар зинаи охири ҷадвали мусобиқа ҷой гирифтааст.

Ҳоло беҳтарин нишонзани мусобиқа пас аз даври чорум  Манучеҳр Ҷалилов  аз дастаи дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   бо 5  гол маҳсуб мешавад.

Натиҷаи  бозиҳо  дар ҷадвали    Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ  

    Б Ғ М Б Г-Г Х
1 «Истиқлол» (Душанбе) 4 3 1 0 9-2 10
2 «Эсхата» (Хуҷанд) 4 3 0 1 6-3 9
3 «Хатлон» (Бохтар) 4 2 0 2 2-5 6
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 4 1 2 1 6-4 5
5 «Ҳосилот» (Фархор) 4 1 2 1 5-3 5
6 «Равшан» (Кӯлоб) 4 1 2 1 3-2 5
7 «Файзканд» (Восеъ) 4 1 2 1 6-6 5
8 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 1 2 1 3-6 5
9 КМВА (Душанбе) 4 0 3 1 3-4 3
10 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 4 0 0 4 2-10 0

 Беҳтарин бозингарон: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 5 голӣ, Алишер  Ҷалилов («Истиқлол»), Шавкати Ҳотам («Файзканд»), Бахтиёр Зарипов («Эсхата») – бо  3 голӣ, Тоҳир Малодустов («Равшан»), Мусиси Фароук  («Ҳосилот»), Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»)  ва  Алишер  Шукуров («Кӯктош») – бо  2  голӣ мавқеъ доранд 

Бозиҳои даври панҷум ва шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 20 ва 26 апрел  баргузор мегардад.

Бозиҳои даври панҷуми  Лигаи олӣ

20 апрел  

 Вақти бозиҳо соати  16:30 

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ»

«Куктош» – КМВА

 21 апрел 

Вақти бозиҳо соати  16:30 

«Эсхата» – «Истиқлол»

«Ҳосилот» – «Хуҷанд»

«Файзканд» – «Хатлон»

Бозиҳои даври  шашуми  Лигаи олӣ

25 апрел  

Вақти бозиҳо соати  16:30 

«Хатлон» – «Кӯктош»

«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот»

«Эсхата» – «Равшан»

26 апрел  

Вақти бозиҳо соати  16:30 

«Истиқлол» – КМВА

«Хуҷанд» – «Файзканд»

 Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 17, 2023 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад