ҶОМИ КУШОДИ ОСИЁ. Имрӯз ҷудочиёни тоҷик бо ҳарифонашон рақобат мекунанд

Апрель 7, 2023 08:16

ДУШАНБЕ, 07.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба гӯштини ҷудо байни наврасону ҷавонон  оғоз шуда, то 9 апрел  идома  меёбад. 

          Дар мусобиқаи мазкур байни наврасон 274 варзишгар аз 10 давлат ва дар байни ҷавонон 283 варзишгар аз 9 давлат ширкат мекунад. Федератсияи гӯштини ҷудои Тоҷикистон аз байни наврасон 7 варзишгар ва аз байни ҷавонон 6 варзишгарро ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон  фиристод.

Қобили тазаккур аст, ки Ҷоми кушоди Осиё оид ба гӯштини ҷудо байни наврасону ҷавонон тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16 вазн байни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн — духтарон) ва 14 вазн байни ҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн — духтарон) баргузор мешавад. Варзишгарони мо танҳо дар байни писарон рақобат мекунанд.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми кушоди Осиё дар Алмаато  инҳо иштирок мекунанд: Меҳроҷиддин Гадоев дар вазни то 50кг, Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 55кг, Ворис Назаров дар вазни то 66кг, Аминҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 73кг, Исмоил Бурҳонов дар вазни то 81кг, Баҳоваддин Сулаймонов дар вазни то 90кг ва Фараҳманд Устопиров дар вазни +90кг (байни наврасон).

Дар байни ҷавонон Саъдӣ Маҳмадов дар вазни то 60кг, Абубакр Шеров дар вазни то 73кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода бо Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни то 81кг, Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90кг ва Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд муаррифӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё байни наврасон ва ҷавонон оид ба гӯштини ҷудо дар сатҳи баланд баргузор гардида буд, ки дар он паҳлавонони ҷавони тоҷик соҳиби ду медал — як тилло ва як биринҷӣ гардиданд.

Тоҷикистонро байни наврасон Фотимахон Гадоева дар вазни то 52кг, Ҷасур Лутфишоев дар вазни то 55кг, Худодод Шанбиев дар вазни то 60кг, Ҷаъфари Ҷаъфар ва Мусо Саъдуллоев- ҳар ду дар вазни 66кг муаррифӣ карданд. Мутаассифона, мусобиқаи мазкур барои варзишгарони навраси тоҷик бо нокомӣ – бе медал анҷом ёфт.

Дар сабқатҳо дар байни ҷавонон Тоҷикистонро 8 нафар: Саидашраф Лоиқов, Абуҳанифа Қурбонбозор, Абубакр Шеров- ҳар се дар варзни то 66кг, Ҳоҷибек Мухторов дар вазни то 73кг, Сунатулло Лоиқов, Мизробшо Лоиқов- ҳар ду дар вазни то 81кг, Мӯҳсин Малаев дар вазни то 90кг ва Парвиз Абдураҳмонов дар вазни то 100кг намояндагӣ карданд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 7, 2023 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд