Маркази матбуоти Отряди сарҳадии «Хоруғ»-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ВМКБ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрели соли 2023, шабона соати 1-у 30-дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ иборат аз 8 нафар, таҳти роҳбарии Додихудо, Нодиршо ва Забӣ валади Муҳаммадсахӣ, сокинони қарияи Барпанҷаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон, бо мақсади интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ, хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар аломати 184-уми минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми «Тишор»-и Отряди сарҳадии «Хоруғ» убур намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Отряди сарҳадии «Хоруғ»-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Қочоқбарон ба амри марзбонони тоҷик дар хусуси таслим шудан итоат накарда, аз силоҳҳои гурӯҳӣ оташ кушоданд.
Ҷинояткорон ба оташи ҷавобӣ тоб наоварда, маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангиро дар ҷои ҳодиса партофта, бо истифода аз торикии шаб ба тарафи Афғонистон фирор карданд.
Дар ҷои ҳодиса 3 нафар ҳаммаслакони қочоқбарони афғон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Домуллоҷонов Эмин Амирович, соли таваллудаш 1982, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, Саидманзаров Нидо Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1993, зодаи деҳаи Ёмчи ноҳияи Шуғнон, сокини шаҳри Хуҷанд ва Саидмурсалов Наврас Саидмусоевич, соли таваллудаш 1987, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгир карда шуданд.
Аз ҷои ҳодиса 45 кг маводи мухаддири сахттаъсири навъи «героин», 1 адад автомати Калашников бо 4 адад тирдон, 74 дона тир, 1 адад дурбини махсуси назорати шабона, 10 (даҳ) ҳазор доллари ИМА дарёфт ва мусодира карда шуд.
Мутаассифона, ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон як нафар хизматчии ҳарбӣ ба ҳалокат расид.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд






