РОҲИ САФЕД НАВАСКАРОН! Имрӯз тақрибан 400 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд

Апрель 29, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 апрел дар фазои тантанавӣ тақрибан 400 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд. Ҷавонон  бо руҳи болида ва ҳисси ифтихор дар саҳни донишгоҳ ҷамъ омаданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин теъдоди ихтиёриён 2-3 маротиба нисбат ба соли гузашта бештар аст. Дар ин маърака саҳми  ректори Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода махсус мебошад. Суҳбатҳои  алоҳидаву озоди ректори донишгоҳ бо хатмкунандагон боис гардид, ки сафи онҳо ба маротиб имсол афзояд.

Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ин теъдоди рақамҳо ниҳоӣ нестанд. Як қисми хатмкунандагон дар даъвати тирамоҳӣ хизмати ватанро адо хоҳанд кард.

Ҳуқуқшинос, журналист, иқтисодчӣ, биолог, дипломат, таърихчӣ, филолог, физик, химик, геолог, математик ва дигар соҳибихтисосҳо, ки имрӯз ба хидмати ҳарбӣ мераванд, аввалин қадамҳои худро дар ҷодаи касбу зиндагӣ мегузоранд.

Таъкид карда шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандӣ ва мардонагии ҳар ҷавонмард буда, онро ҳар соҳибватан бо сари баланд ва мардонавор бояд иҷро намояд. Афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлол хизмати содиқонаву арзанда мекунанд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Апрель 29, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд