САДРИДДИН АЙНӢ, ОСОР ВА НАҚШИ Ӯ ДАР АДАБИЁТИ МУОСИР. Аввалин унвони олӣ-Қаҳрамони Тоҷикистон ба устод дода шуд

Апрель 14, 2023 14:26

ДУШАНБЕ, 14.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ 145 сол (1878-1954) пур мешавад. Устод Садриддин Айнӣ аз чеҳраҳои тобноки олами сиёсат, адаб, маърифат ва фарҳанги на танҳо тоҷик, балки Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Устод Айнӣ шахсияти одӣ нест, ӯ намои адабиёту тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Бахшида ба 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ мақолаи дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Абдуҳамид Шоев пешкаши хонандагон мегардад. 

-Аз чеҳраҳои намоён ва тобноки адабиёти мо, ки бо фаъолияти созандаву осори мондагори худ таърихи пурифтихор, вале воқеии асосгузори адабиёти муосирро ба номи хеш муҳр задааст, устод Садриддин Айнӣ мебошад. Вай новобаста аз пастиву баландиҳои ҳаёт, кашмакашиҳои сиёсӣ, туҳмату буҳтони нотавонбинони миллати тоҷик умри пурбаракати худро ба адабиёт, ба соҳаҳое, ки «барои бақои миллат зарур буд», бедареғ бахшид. Ин аст, ки аввалин унвони олӣ-Қаҳрамони Тоҷикистон ба устод Айнӣ дода шуд.

Ҳамон тавре ки медонем, устод Айнӣ пас аз хатми мадрасаҳо ва ба даст овардани донишу маърифати зарурӣ нахуст ба амалӣ намудани васияти падараш- пешаи омӯзгорӣ пардохта, ба ин васила садоқати худро дар назди руҳи падар нишон дода, ба ҷараёни маорифпарварӣ пайваст. Устод, ки худ фориғуттаҳсили мактабу мадориси шакли кӯҳна буду тарзу усули носозгори ононро борҳо дар осораш накӯҳиш намудааст, дар замони нав аз рӯи усулу равишҳои тадрисии кайҳо кӯҳнашуда  намехост ба таълими шогирдон пардозад. Устод бо камоли масъулият ва дарки авзои зудтағйирёбандаи замон ба навиштани китобҳои дарсӣ бо усули нав пардохт ва аз натиҷаҳои он қаноатманд низ гардид, зеро бо истифода аз усулҳои нав ва маводи ба синни хонанда мувофиқ имконпазир гардид, ки хонанда дар муддати кӯтоҳ ҳам хондан ва ҳам навиштанро ёд гирад. Натиҷаи ҳамин фаъолияти фидокоронаи омӯзгории устод буд, ки  «Таҳсиб-ус-сибён», «Тартил-ул-Қуръон», «Заруриёти диния», «Холида ё Қизбола» барин китобҳои дарсии хонданбоб рӯи кор омад.

Агарчи аз таълифи ин китобҳои дарсӣ солиёни зиёд сипарӣ гаштааст, вале онҳо ҳоло низ арзиши худро аз даст надодаанд. Гузашта аз ин, устод кам-кам машқи шеър мекардааст. Ва бо тахаллусҳои «Сифливу Муҳтоҷиву Ҷунунӣ» шеър гуфтааст. Мувофиқи ахбори муҳаққиқон, бо тахаллусҳои мазкур шеърҳои эҷодкардаи устод дастрас нашудааст ва онҳоро худи шоир бинобар номақбулиашон аз байн бурдааст. Ин аз як тараф ба маънии тахаллусҳои шоир рабт дошта бошад, аз тарафи дигар, ба шеърият низ дахл доштааст, ки дар ин бора бисёр гуфтаанд. Аввалин шеъре, ки устод бо тахаллуси нав ва маънии мақбул дар ҷашни гули сурх сурудааст, ба соли 1895 рост омадааст. Дар ин шеър устод тахаллуси худро «Айнӣ» гузошт ва то охир онро дигар накард. Вожаи «Айнӣ» хеле сермаъност. 48 маъно доштани он таъкид шудааст, вале пажӯҳиши донишмандон нишон медиҳад, ки он 51 маъно доштааст. Ҳамаи ин аз забондонӣ ва мӯшикофии соҳибтахаллус шаҳодат медиҳад. Вақте ки устод қисмати аъзами фаъолияти эҷодии худро ба намуди наср бахшид, дар ҳар ду намуди адабӣ тахаллусашро давом дод. Чунин ранг гирифтани кори эҷодии устод аввалан, ба тамоюлу ҳолати руҳии вай рабт дошта бошад, аз ҷониби дигар, ба вазъи инқилобии замон пайванд буд.

Адиб фарзанди замони худ аст, вай наметавонад берун аз таҳаввулоту табаддулоти ҷомеаи худ  бошад. Чун дар соли 1905-1907 инқилоби якуми рус ғалаба кард ва дигаргуниҳои бузургу чашмрасеро дар ҷомеа тавлид сохт ва диду ҷаҳонбинии мардумро куллан тағйир дод, устод Айнӣ оғози адабиёти навро аз ин санаи таърихӣ эълон дошт ва таъкид намуд, ки майдони адабиёт васеъ аст, ҳар кас чи ҳунаре ва чизе аз он дорад, биёрад. Худ аввалин шуда, ба таълифоте даст зад, ки то ин дам дар адабиёти мо набуд, аз ҷумла повест ва роман. Устод Айнӣ набзи адабиётро ба оҳанги замон ва диду дилу фаҳмиши мардум наздик сохт, истеъдодҳои нодирро, ба мисли Икромӣ, Улуғзода, Деҳотӣ, Пӯлод Толис ва дигарон ба кори эҷодӣ ҷалб кард ва як мактаби муҳташами адабиро ташаккул дод ва онро худ бевосита роҳбарӣ намуда, бо таҷрибаи бою ғании хеш ҳар яке аз шогирдони мактаби адабиашро то ба дараҷаи камолот расиданашон ҳамроҳӣ ва мусоидат намудааст.

Фаъолияти доманадори устод Айнӣ на танҳо адабиёт, балки соҳаҳои дигари илми тоҷикро низ фаро гирифтааст. Биноан, устод Айнӣ дар замони худ кори як институтро иҷро намудааст, гуфтаанд, ки бисёр ҷолиб ва ҳаққонист. Устод Айнӣ шахсияти нодир ва ба халқу Ватани худ содиқу росткоре буда, ки  ба ягон ҷараёну гурӯҳҳои иртиҷоии ба ҳамагон маълум напайвастааст. Ҳатто бузургтарин донишмандону сиёсатмадорони замони устод Айнӣ гумроҳ шуда, аз забону миллату Ватани худ даст кашиданд. Устод Айнӣ медонист, ки хиёнат ба миллат ва арзишҳои он аз ҷониби  ҳеҷ халқу миллате бахшида намешавад, аз кори ононе, ки ба ҷараёнҳои иртиҷоӣ ҳамроҳ шуда, ба хатогиҳои ҷуброннопазир даст заданд, билохира ҳамаашон ба ҳабс гирифта, нобуд карда шудаанд, бисёр афсӯс хӯрдааст.

Бояд бигӯем, ки дар ин байн нафароне аз мухлисону тарафдорони ҷараёнҳои иртиҷоӣ пайдо шуданд, ки устод Айниро барои тоҷикона садо баланд кардану ҳимоят намуданаш аз ин миллати куҳанбунёду қадимии худ ба ҳар роҳу восита туҳматҳо мекарданд. Аз соли 1925 то соли 1938 устод Айнӣ ба муқобили душманони синфӣ истодагарӣ карда, билохира зафар ёфт ва орӣ буданаш аз ҳама туҳмату буҳтонҳо  исбот гардид. Дар амалӣ шудани ин амри хайр дар баробари шахсияти устод Айнӣ ва фаъолияти хастагинопазиру адолатхоҳонаи вай нақши академик Бобоҷон  Ғафуров ва Абулқосим Лоҳутӣ ниҳоят назаррас аст. Маҳз онҳо дарди дили Айнӣ ва кору пайкори ростини ӯро ба ҳукумати марказӣ фаҳмонданд, ки дигар касе аз туҳматгарони устод ҷуръати ҳақиқати ҳолро вайрон карда натавонист ва фаъолияти Айнӣ пас аз ин вусъати тоза пайдо намуду обрӯяш дар байни хосу ом афзуд. Эҳтироми устод то ҳадде расида, ки ҷое академик Бобоҷон Ғафуров ӯро, бинобар кӯшишу талошҳояш дар эҳёву бақои миллат, падари миллат хондааст. Ин мақому мартаба ва эътибори баланд ба ҳар кас муяссар намешавад. Дар ҳақиқат, устод Айнӣ ба ин мақом арзанда мебошад. Зеро ӯ барои ҳифзи манофеи миллат аз баҳри ҳама чиз, ҳатто аз ҷонаш ҳам мегузашт. Аз ин хотир, вай шахсияти бебоку нотарс ва ҷонфидои миллат аст.

Таъсири осор ва шахсияти Айнӣ аз рӯзи ба арсаи фаъолияти серпаҳлуи эҷодӣ пардохтану бо номи нек шинохта шуданаш шуруъ гардида, то кунун вусъат дорад. Ин далели он аст, ки  вай шахсияти асил ва эҷодкори мумтоз мебошад. Солҳо сипарӣ мешаванд, вале арзиши осори Айнӣ ва шахсияти ӯ кам намегардад. Дар маҳфилу нишастҳо, осори пажуҳишии илмию тадрисӣ ёди устодро гиромӣ медоранд ва эҷодиёти серпаҳлуву фарохашонро фаровон истифода мекунанд. Ҳоло бузургтарин донишмандон дар дилхоҳ пажуҳиши худ аз устод Айнӣ нашъат мегиранду далеловарӣ менамоянд. Ҳамаи ин чирадастӣ ва мӯшикофии устод Айниро бозгӯ мекунад. Байти зайли Хоҷа Ҳофиз ҳовии ҳоли устод Айнӣ барои имрӯзиён ва ояндагон хоҳад буд:

Ҳаргиз намирад, он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо. 

Албатта, ҳамаи фаъолияти серпаҳлуву доманадори устод Айниро дар ду-се саҳифа ғунҷонда, ба он баҳо додан аз имкони ин мухтасар берун аст, аммо ҳар он чи ин ҷо гуфта шуд, муште аз хирвори коргоҳи эҷодии устод буда, метавон ба таври зайл натиҷагирӣ намуд:

  1. Рӯзгору осори устод Айниро ҳамчун мактаби бузурги омӯзиш бояд шинохт. Махсусан, ростқавлӣ, ба ҳарфи волидайн гӯш додан, пайи насиҳати эшон рафтан, меҳнатдӯст будан, адолатхоҳӣ кардан, аз мушкилиҳо наҳаросидан, манофеи миллиро аз манофеи шахсӣ боло гузоштан, ба нотавонбинони миллат муросо наварзидан, ба пулу молу мансаб арзишҳои миллиро иваз накардан, тоҷик будани худро инкор накардан, аз меҳнати ҳалол рӯз гузаронидан, халқу Ватани худро дӯст доштан ва ғайра.
  2. Сухани хубу созанда ва арзишманд гуфтан.
  3. Шогирдони худро тарбия намудан ва дар ташаккули шахсияташон беғаразона амал кардан.
  4. Ба ояндаи миллат нигоҳи нек доштан.
  5. Дар рушду нумуи фарҳангу адаб ва ҳамаи соҳаҳои дигари ба халқ нофеъ кӯшо будан ва осори арзишмандеро аз худ боқӣ гузоштан.

Дар ҳақиқат, устод Айнӣ аз худ осори арзишманд ва мондагор гузошта, номи худро дар таърихи адабиёти навини тоҷик ба таври абадӣ сабт намуд.

Абдуҳамид ШОЕВ,
 дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷики
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 14, 2023 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад