Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 100 ятим туҳфа тақдим намуданд

Апрель 1, 2023 12:31

ДУШАНБЕ, 01.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи савдою хизматрасонӣ ва истиқоматии «Сомон плаза»-и шаҳри Хуҷанд бо 100 нафар ятим аз шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуданд.

Туҳфаҳои Сарвари давлат аз бастаи китобҳои дарсию бадеӣ, либос, шириниҳо ва маблағ иборат мебошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо ятимон таъкид намуданд, ки ҳар нафари онҳо таҳти ғамхории бевоситаи давлат қарор доранд ва барои тарбияву ба камол расиданашон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд. Аз ҷавонону наврасон танҳо хониши аъло, муҳаббат ба Ватан, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ, анҷоми амалҳои созанда баҳри дурахши бештари сарзамини аҷдодӣ ва мушарраф шуданашон ба зиндагии шоиста талаб мегардад.

Ятимон дар навбати худ иброз доштанд, ки аз пуштибонӣ ва кумаку дастгириҳои падаронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳраваранд. Чунин ғамхориҳои ҳамешагӣ онҳоро водор месозад, ки дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ тарбият ёфта, бо аз худ кардани илму донишҳои замонавӣ мутахассиси варзидаи касби интихобнамудаи хеш гарданд ва дар оянда ба нафъи давлату миллат хизмат намоянд.

Тақдими туҳфа ба 100 нафар ятим дар шаҳри Хуҷанд 01.04.2023

Апрель 1, 2023 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи «Дӯстии абадӣ» иштирок намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистону Қирғизистон дар маркази «ЭСКПО»-и шаҳри Душанбе боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд
Нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар Қасри миллат
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд