Шаҳриёр Акбарзода сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид

Апрель 26, 2023 19:48

ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон Мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони тоҷик Муллораҷаб Халифаев, Фирдавс Насимов, Ҳақназар Назаров, Саидшоҳ Раҳматуллоев, Абубак Шеров, Субҳиддин Халилзода, Ҳамроз Раҷабов, Додохон Қурбоналев, Суҳроб Муҳаммадев, Шаҳриёр Акбарзода, Фарзиншоҳ Ҳусейнов, Ғаниҷон Ғаниев, Саидмухтор Расулов, Наврӯзи Каримзод ва дигарон иштирок карда, бар ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати олии варзишӣ нишон дода, пайиҳам бар рақибонашон пирӯз гардиданд. Баъди ҳар давр аз ҷониби ташкилкунандагони ин мусобиқаи варзишӣ ба ғолибон дар маросими тантанавӣ туҳфаҳои қиматнок, аз қабили мошинҳои сабукрав, гов, гӯсфанд, телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ, қолин, маблағҳои пулӣ ва ғайра тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин мавзеи хушбоду ҳаво барои тамошои ҷараёни мусобиқа ҳаводорони гӯштин бо теъдоди беш аз 20 ҳазор ҷамъ омада, паҳлавонони дӯстоштаашонро аз аввал то охири рақобат мухлисӣ ва тарафдорӣ карда, ба онҳо каф мекӯбиданд ва ба ҳунару маҳорати гӯштингирӣ ва партофтҳои зебояшон аҳсану офарин мехонданд.

Дар ин мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагон ду Шоҳҷоиза- мошини сабукрав гузошта шуда буд.

Ҳамин тавр, Шаҳриёр Акбарзода аз толори варзишӣ ба номи устод Садриддин Одилов ва Муҳаммадҷон аз толори варзишии Парвиз Собиров байни ҳам рақобати ҷолиб намуданд. Дар ниҳоят бо як усули хеле зебо Шаҳриёр Акбарзода Муҳаммадҷонро мағлуб намуда, сазовори Шоҳҷоиза- мошини сабукрави тамғаи «Матиз» гардид.

Шоҳҷоизаи дигари мусобиқа байн ду паҳлавони тоҷик- Фирдавс Насимов ва Ҳақназар Назаров гузошта шуд. Ин паҳлавонон байни ҳам тақрибан як соат гӯштин гирифтанд, вале ғолиб маълум нагардид. Дар охир Шоҳҷоизаи дуюм аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа ба кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Темурмалик ҳадя гардид.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 26, 2023 19:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад