ШАРАФ БА ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ. Хатмкардагони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел 14 хатмкардаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба таври ихтиёрӣ барои хизмат ба Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид, ки ба ин муносибат дар саҳни муассиса ҷамъомади тантанавӣ ва барномаи хотирмони фарҳангӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.
Дар маросим роҳбарияти Донишгоҳ, волидайни ҷавонон ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок карданд.
Дар ҳамоиш дар бораи хизмат ба Ватан-Модар, дастгириву ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарбозону афсарон дар замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи марзу буми давлатӣ аз ҷониби родмардони Ватан сухан гуфта, ин амали дастпарварони Донишгоҳ намунаи ибрат барои дигар ҷавонон дониста шуд. Гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони ватандӯсту худшинос мактаби мардонагиву диловарӣ аст.
Воқеан, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат барои ҷавонон шараф буда, маҳз дар ин мактаб ҷавонон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт — дӯст доштан ва содиқонаву самимона муҳофизат кардани хоки Ватанро меомӯзанд.
Сипас, аз ҷониби бахши фарҳанги Донишгоҳ барномаи хотирмони фарҳангӣ-фароғатии саршор аз сурудҳои ватандӯстона пешниҳод гардид. Инчунин волидайни хатмкардагон сухан гуфта, ба фарзандонашон дуои хайр доданд.
Дар анҷоми ҳамоиш бо иҷрои анъанаи миллии «кулчагазон»-у дуои неки модарон, ки ҷавонони саодатманду меҳандӯст минбаъд ҳомию сипари боэътимоди Ватан гарданд, онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






