Ширкати «Formula55» бори сеюм сарпарасти бошгоҳи футболи «Душанбе» шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 апрел нахустин Ширкати букмекерии «Formula55» сарпарасти расмии бошгоҳи футболи «Душанбе» гардид. Ширкат соли сеюм аст, ки ин клубро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунад. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» дар ширкати «Formula55» хабар доданд.
Тавре Президенти бошгоҳи футболи Душанбе Чарлз Наркотей иброз дошт, ин ҳамкории судманд барои дубора баромадани дастаи мо ба Лигаи олии Тоҷикистон дар оянда мусоидат мекунад. Мавсими нав дар Лигаи якуми Тоҷикистон пас аз чанд рӯз оғоз мешавад ва бошгоҳи футболи «Душанбе» дар пеши худ мақсад гузоштааст, ки сазовори ҷойҳои ифтихории чемпионат шавад.
Бояд гуфт, ки Ширкати букмекерии «Formula55» пайваста дастаҳои футболи мамлакатро аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ мекунад. Қабл аз дастаи «Душанбе» Ширкат сарпарасти бошгоҳи футболи «Хуҷанд» низ гардид.
Яке аз ҳадафҳои асосии Ширкати «Formula55» аз рӯзҳои аввали таъсис — ин дастгирии варзишгарон, рушд додани соҳаи варзиш ва саҳм гузоштан дар пешрафти тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Ҳамзамон «Formula55» мунтазам чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, варзишгарон, инчунин клубҳо ва федератсияҳои варзиширо дастгирӣ мекунад.
АКС аз ширкати «Formula55»












Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






