Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз хатари шарбати сулфаи истеҳсоли Ҳиндустон огоҳ мекунад

Апрель 28, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 25 апрел оид ба шарбати сулфаи истеҳсоли Ҳиндустон, ки дар таркибаш «миқдори ғайриқобили қабули диэтиленгликол ва этиленгликол» мавҷуд аст, ҳушдор дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ  додааст.

Дар изҳороти СУТ баён шудааст, ки дар ҷазираҳои Маршалл ва Микронезия як миқдор доруи хатарноки сулфаи истеҳсоли Ҳиндустон пайдо гардидааст. Дар намунаҳои шарбат аз ҷазираҳои Маршалл миқдори номақбули моддаҳои заҳролуд — диэтиленгликол ва этиленгликолро ошкор кардаанд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба заҳролудшавӣ аз ин дору хабар надодааст, аммо ҳушдор додааст, ки истеъмоли миқдори зиёди диэтиленгликол ва этиленгликол метавонад боиси марг гардад.

Ёдовар мешавем, ки баъди истеъмоли шарбати «Док-1 Max» — и истеҳсоли Ҳиндустон моҳи декабри соли 2022 дар Узбекистон 19 кӯдак фавтид.

22 декабри соли гузашта Узбекистон бинобар хабари марги 15 кӯдак фурӯши ин доруро муваққатан мамнуъ эълон намуд. Вазорати тандурустии Узбекистон 27 декабр натиҷаи санҷишеро нашр кард, ки марги 20 кӯдакро пас аз истеъмоли доруи «Док-1 Max» тасдиқ намудааст. Шарбати «Док-1 Max» ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ нест.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дар Тоҷикистон фурӯши доруи ҳиндии «Dok-1 Max» манъ карда шуд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз волидон даъват кардааст, ки дору ва маҳлулҳои тиббиро танҳо бо дорухати табибон аз дорухонаҳо харидорӣ намоянд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: «Синхуа»

Апрель 28, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад