Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025 татбиқ гардида истодааст
ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар доираи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати шахсӣ ва бо мақсади татбиқи минбаъдаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилоят мулоқот баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мақсади асосии вохӯрӣ ошкор ва равшан кардани масъалаҳои муқовимат ба паҳншавӣ ва пешгирии идеологияи ифротгароӣ ва терроризм, роҳу усулҳои ҷалби ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ мебошад.
Намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба падидаи хатарноки ҷаҳони муосир – терроризм, нигаронӣ аз ҷалби ҷавонон ба зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм, дар бораи зарарҳои мудҳиши ҷалби ҷавонон ба ҷараёнҳои ғайрианъанавӣ, ки аксар вақт боиси аз хона рафтан ва пайвастан ба сафи террористон мешавад, ибрози андеша намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки сиёсати давлат, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ нигаронида шудааст. Ва ҳамагон бояд тамоми кӯшишҳои худро дар роҳи пешгирии ифротгароӣ ва терроризм муттаҳид созем.
Дар фарҷоми вохӯрӣ роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилоят аз ҳайати шахсии Раёсат даъват ба амал овард, ки вазифаи ҳарбии худро софдилона иҷро намуда, дар рушди мамлакат саҳм гузоранд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






