СУТ: соли 2030 ҷаҳон метавонад ба норасоии 10 миллион корманди соҳаи тиб ва парастор дучор шавад
ДУШАНБЕ, 07.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло кишварҳои зиёде бо норасоии шадиди ҳайати табибон ва кормандони ин соҳа оид ба нигоҳубини маъюбон дучор мегарданд. То соли 2030 норасоии мутахассисони ин касбҳо дар ҷаҳон метавонад ба 10 миллион нафар расад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дар брифинги Женева директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адҳаном Гебрейус изҳор дошт.
«Кормандони тиб асоси ҳама гуна низоми тандурустӣ мебошанд, бисёр кишварҳо норасоии шадиди кормандони тиббӣ ва парасторонро аз сар мегузаронанд ва бисёре аз онҳо барои дарёфти маош ва шароити беҳтар ба давлатҳои дигар мераванд»,-гуфт директори генералӣ. Бинобар арзёбии СУТ, агар тамоюли кунунӣ идома ёбад, ҷаҳон то соли 2030 бо норасоии 10 миллион нафар корманди соҳаи тиб ва парастор рӯбарӯ хоҳад шуд. Ин норасоии шадид ба кишварҳои фақиртарин рост меояд.
СУТ аз тамоми давлатҳо даъват кардааст, ки кормандони соҳаи тандурустӣ ва парасторони худро бо роҳи фароҳам овардани шароити бехатари корӣ, маоши муносиб, ҳифзи ҳуқуқи меҳнат, ҳамчунин аз зӯроварӣ ва табъиз ҳимоят ва сармоягузорӣ кунанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






