ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ОБУ ИҚЛИМ. Дар Душанбе доир ба он конфронс баргузор шуд

Апрель 6, 2023 16:22

ДУШАНБЕ, 06.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим: аз ибтикорот то амал» Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он олимону коршиносон иштирок доштанд.

Конфронсро директори Марказ оғоз намуда, ҳадаф аз баргузории онро арзёбии қарори Маҷмаи Умумии Созмони милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо унвон кардани 21 март, ки ташаббусгузори ин пешниҳодҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, номид.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар баррасии мушкилоти об дар ҷаҳон давлати пешоҳанг ва ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим  эътироф гардида, ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа дар рӯзномаи обии СММ «Раванди оби Душанбе» ном гирифтааст.

Соли 2023 аз саъю талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид 20 сол сипарӣ гардида, дар ин муддат дар асоси ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ чанд қатънома қабул гардидааст.


Дар кори конфронс тазаккур дода шуд, ки қабули ин қатъномаҳо ва баргузории ҳамоишҳои сатҳи баланд дар асоси ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат аз он шаҳодат медиҳад, ки иқдомҳои ҷониби Тоҷикистон воқеан дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ҳадафҳои неку созандаи зиёдро дар пай доранд ва ҳамагӣ барои ҳифзи ояндаи сайёра равона гардидаву баҳри рушди оянда ҳадафҳои мушаххас доранд.

Ба гуфтаи баромадкунандагони конфронс, ин ташаббусҳо, бешубҳа, дар тавсеа ва тақвияти имиҷи мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳои саҳмгузор дар татбиқи иқдомҳои башардӯстона нақши назаррас дорад.

Ҳамзамон дар доираи нишаст натиҷаҳои Конфронси оби СММ, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд 22-24 марти 2023 дар шаҳри Ню-Йорк сурат гирифт, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 низ ҳамчун давоми ташаббусҳои давлати мо дар шароит ва вазъияте доир шуд, ки мушкилоти вобаста ба об ва иқлим ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният табдил ёфта, рӯз то рӯз ҳаёти инсону табиатро зери таҳдиди нобудшавӣ қарор дода истодааст. Яъне, имрӯз хатари тағйирёбии босуръати иқлиму мушкилоти об ба инсоният камтар аз хатарҳои дигари мушкилоти муосири ҷаҳонӣ нест.

Ин аст, ки Тоҷикистон имрӯз яке аз давлатҳои пешсаф дар самти татбиқи дипломатияи об дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2023 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд