Теъдоди ҳалокшудагони тӯфони «Фредди» дар Малави аз ҳазор нафар гузашт

Апрель 13, 2023 15:33

ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагони тӯфони тропикии «Фредди» дар Малави аз 1000 нафар гузашт. Тавре АМИТ Ховар бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзи чаҳоршанбе президенти мамлакат Лазарус Чаквера иттилоъ додааст.

«Давлат пас аз тӯфони харобиовар корҳои азнавбарқароркуниро идома дода истодааст»,- иқтибос овардааст суханони ӯро радиостансияи SABC-и Африқои Ҷанубӣ. Президент ишора намуд, ки «Фредди» барои Малави аз тамоми тӯфонҳое, ки давоми ду даҳсолаи охир дар мамлакат ба мушоҳида расид, харобиовартар буд.

Қаблан мақомоти Малави дар бораи ҳалокати 676 нафар ва бедарак шудани 538 тани дигар хабар дода буд.

Тӯфони «Фредди» шаби 13 март Малавиро фаро гирифт. Он ҳамроҳ бо худ бориши шадиде овард, ки бинобар фаромадани ярчҳои сершумор сабаби фурӯ рехтани хонаҳо гардид. Аз ҳама бештар минтақаҳои ҷанубӣ, аз ҷумла пойтахти иқтисодии мамлакат — шаҳри Блантайр зарар дид.

«Фредди» дар уқёнуси Ҳинд- дар шимолу ғарби Австралия ташаккул ёфта, 38 рӯз фаъол монд ва 14 март пароканда шуд. Он тӯлонитарин тӯфоне гардид, ки дар ин қисмати сайёра сабт шудааст. Зиёда аз 8000 километрро тай намуда, «Фредди» Маврикий, Мадагаскар, Малави ва Мозамбикро фаро гирифт.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 13, 2023 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад