Тоҷикистон ва Британияи Кабир 23 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 370 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расониданд

Апрель 1, 2023 09:55

ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ин Анҷуман, ки дар таърихи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир бори нахуст баргузор гардид, доираи васеи роҳбарону масъулини вазорату идораҳои Тоҷикистон, соҳибкорону сармоягузорон, роҳбарият ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфузи ҷаҳон иштирок намуданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, нақлиёт, молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва масъулони дигар ниҳодҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории анҷумани мазкур аз таҳкиму густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ аз тариқи ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави амалӣ дар самти бунёд ва таъсиси корхонаҳои муштарак иборат буд.

Дар чаҳорчӯби Анҷумани мазкур, ки аз нишастҳои ифтитоҳӣ ва нишастҳои дигари пленариву мавзӯӣ иборат буд, вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайатҳои расмии соҳибкорони Тоҷикистону Британияи Кабир дар қолаби “Соҳибкор бо соҳибкор” (В2В) ва “Соҳибкор бо Ҳукумат” (B2G) доир гардид.

Дар ҳошияи ин анҷуман ҳамчунин, ҷиҳати муаррифии иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши молу маҳсулоти бахшҳои саноат, истихроҷ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонии бонкӣ низ ташкил карда шуд. Дар ҷараёни намоиш ба соҳибкорони хориҷӣ оид ба фазову имкониятҳои сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон маълумоти муфассал ва лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ барои баррасии минбаъда пешниҳод гардид.

Дар натиҷаи мулоқоту музокироти аъзои ҳайатҳои расмӣ ва соҳибкорон байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат ва ширкатҳои хусусӣ 23 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 370 миллион доллари амрикоӣ имзо шуд.

Баргузории Анҷумани мазкур дар оянда барои муаррифии бештару воқеии иқтидори содиротӣ, ҷалби бештари сармояву воридоти техникаву технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаи иқтисоду сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Дар хотимаи Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҷиҳати таҷлили сазовор аз Иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки меҳмонони Анҷуман ва роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатии муқими Лондон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил карда шуд.


АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

Апрель 1, 2023 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд