Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс 13 варзишгар намояндагӣ мекунад

Апрель 29, 2023 11:17

ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 апрел то 14 май дар шаҳри Тошканди Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни мардон доир мешавад, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон

Дар мусобиқаи мазкур 640 варзишгар аз 140 давлат номнавис шудааст. Сабқатҳо дар 13 категорияи вазнӣ доир мешаванд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон варзишгарон Меҳрон Шафиев дар вазни то 48кг, Меҳроб Ҳамидов дар вазни то 51кг, Меҳроҷ Зоидов дар вазни то 54кг, Асрор Воҳидов дар вазни то 57кг, Абубакр Муродзода дар вазни то 60кг, Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5кг, Расул Аҳадов дар вазни то 67кг, Довуд Маҳкамов дар вазни то 71кг, Некрӯз Салимов дар вазни то 75кг, Шаббос Негматуллоев дар вазни то 80кг, Парвиз Каримов дар вазни то 86кг, Давлат Болтаев дар вазни то 92кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92кг шомил мебошанд.

Хотиррасон мекунем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин сафар ноиби президенти федератсия Шаббос Негматуллоев, сармураббӣ Алӣ Бобоҷонов ва мураббиён Хуршед Ҷӯраев, Рустам Музаффаров ва Мирзо Шамсиев ҳамроҳӣ мекунанд.

Фонди умумии ҷоизаҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар байни мардҳо 5,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 100 000 ва барандагони медали биринҷӣ 50 000 доллари ИМА дарёфт хоҳанд кард.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 29, 2023 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд