«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ». Таҳти ин унвон кормандони мақомоти милитсияи пойтахт маҳфили маърифати ватандӯстӣ баргузор намуданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Пойтахт маҳфили маърифати ватандӯстӣ таҳти унвони «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» бо иштироки аҳли зиё ва роҳбарияту ҳайати шахсии милитсияи пойтахт доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати ВКД дар Душанбе хабар доданд.
Таъкид гардид, ки тӯли чанд соли охир зери роҳбарии хирадмандонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат ба марҳилаи нави пешрафту тараққиёт ворид гардида, дар тамоми самтҳо инфрасохтори зарурӣ таъмин ва воқеъан ба шаҳри гулҳо табдил ёфтааст.
Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади пойдор нигоҳ доштани ин ҳама дастовардҳо ва боз ҳам ба пешрафтҳои нав ба нав ноил гардидан, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда, ҷиҳати мутараққӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани шаҳри Душанбе саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро ин ҳама дастовардҳо дар натиҷаи талошу заҳматҳо ба даст омада, ҳар яки моро мебояд барои ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани як мулки ободу зебо талош намоем.
Дар идомаи чорабинӣ оид ба таърихи пайдоиш ва рушду тараққиёти имрӯзаи пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе маърӯзаҳои пурмуҳтаво карда шуд.


Гуфта шуд, ки Душанбе хонаи умеди ҳазорон нафар миллати тоҷик ба шумор рафта, дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯз аз рӯз ободу зебо гардидааст. Сохта ба истифода додани бинову иншооти наву замонавӣ, таъмиру навсозии роҳҳо, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе рушди пойтахтро таъмин намуда, барои сокинону меҳмонон шароити созгори зиндагонӣ муҳайё гаштааст.
Дар қисмати дигари чорабинӣ шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар васфи ватандориву меҳанпарстӣ, пешрафту шукуфоӣ ва талошу заҳматҳои шабонарӯзии фарзандони барӯманди миллати тоҷик аз эҷодиёти пурғановати хеш порчаҳои шеърӣ қироат намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки мояи фараҳмандии ҳар як сокини пойтахт аст, ки шаҳри Душанбе бо идеяҳои тозаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ симояшро куллан дигар намуда, ба шаҳри афсонавӣ ва зебоманзари сайёра табдил ёфтааст. Ин ҳама гулу шукуфаҳои Душанбе бори дигар гувоҳи мамлакати биҳиштосо будани Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо ифтихору садоқат ба савганди хеш баҳри пойдор нигоҳ доштани ин ҳама дастовардҳо, таъмини волоияти қонун, суботу оромӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ пайваста талош менамоянд.
АКС: Раёсати ВКД дар Душанбе










Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






