«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Имрӯз дар Душанбе даври шаҳрии фестивал баргузор шуд

Апрель 14, 2023 18:36

ДУШАНБЕ, 14.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» даври шаҳрии Фестивали «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор гардид. Он аз рӯи 6 номинатсия: истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, бофандагӣ ва либос, коркарди маснуоти чӯбӣ, металл ва маснуоти физилӣ, созҳои мусиқӣ ва санъати нафиса баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур ҳифз ва нигоҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандонӣ ватанӣ мебошад.

Дар фестивали мазкур роҳбарияту намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва ҳунармандони ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти фестивал ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо «Диплом»-у «Сипоснома» ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2023 18:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд