Вакилони Парлумони Тоҷикистон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид намуданд

Апрель 19, 2023 17:11

ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар иҷлосия вакилон, аз ҷумла лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» аз 5 боб ва 35 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи алоқаи барқӣ танзим ва асосҳои кафолати дастрасӣ ба ҳама намуди хизматрасонии алоқаи барқӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ, таъмини мутобиқати шабакаҳои алоқаи барқӣ бо шабакаҳои байналмилалии  алоқaи барқӣ, рақобати озод, бовиҷдононаву самаранок дар бозори хизматрасонии соҳаи алоқаи барқӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасонии алоқаи барқӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектони соҳаи алоқаи барқӣ ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатиро муайян менамояд.

Иброз гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» мутобиқи муқаррароти моддаи 58-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи  дастурҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ»пешниҳод гардидааст.

Зимни баррасии масъалаи ниҳоии рӯзнома таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ҳаммаъно гардонидани якчанд мафҳум, истилоҳу ибораҳои дар қонуни амалкунанда истифодашаванда ба қонунгузории нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои баённамудаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 17 марти соли 2020 пешниҳод мегардад.

Дар лоиҳаи қонун мафҳуми «сайёҳии экологӣ» дар таҳрири нав ва  мафҳуми нав — «ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» пешниҳод карда шуд.

Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони мардумӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Атоев, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ализода,  муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдулқодир ва вакилони Маҷлиси намояндагон  Музаффарҷон Маҳмудзода, Ғиёсиддин Шарифзода, Зулфиқор Гулаҳмадзода муаррифӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 19, 2023 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд