ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ. «Орзу» – қарз барои амалисозии хоҳишҳо
ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастраскунии қарзҳо барои амалигардонии орзуҳои дерина ба сокинони Тоҷикистон ба шарофати банди «Орзу» («Мечта»)-и замимаи мобилии «МегаФон Life» осонтару зудтар шуд.
“Орзу” – маҳсулоти қарзӣ аст, ки барои ниёзҳои истеъмолкунандагон пешбинӣшудааст. Кофист, ки як маротиба тартиби пайвасткуниро гузаред вадар давоми панҷ сол дигар зарур намеояд, ки ҳангоми муроҷиат барои дастраскунииқарзҳои нав ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунед. Қарзро метавон дар доираи меъёри худ бегарав ва зомин маротибаҳои бемаҳдуд ба даст овард. Меъёр аз ҷониби “Ҳумо”вобаста ба таърихи қарзӣ ва ҳолати молиявии мизоҷ муқаррар карда шавад. Дастраскунии “Орзу” танҳо бо ёрии “Ҳамён”-и замимаи “МегаФон Life” имконпазираст.
Масалан, сокини Тоҷикистон, ки қаблан боре хизматрасонии мазкурро истифода накарда буд, имкон дорад, ки ҳангоми тасдиқкунии сатҳи зарурии даромади худ меъёри баробар ба 16 500 сомонӣ ба даст оварад. Ҳадди ақалл як таърихи мусбати қарзӣ дар дилхоҳ муассисаи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрро то 22 000 сомонӣ зиёд менамояд. Агар шахси дастраскунанда меъёри худро зиёд кардан хоҳад, ӯ бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сатҳи кифояи даромади худро пешниҳод намояд.
Маблағи зиёдтарини қарз аз рӯи корти «Орзу» – 50 000 сомониро ташкил медиҳад. Қарз дар ҳаҷми то 3 000 сомонӣ бе маълумотнома дар бораи даромад дода мешавад, барои гирифтани он танҳо шиноснома кифоя аст. Муҳлати адои қарз – 5 сол. Талабот нисбат ба мизоҷ – шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, синну соли зиёдтар аз 18 сол, таҷрибаи кории на камтар аз 6 моҳ, мавҷудияти шиноснома ва РМА.
Қадами аввал барои истифодаи хизматрасонӣ – дархост барои дастраскунии қарз. Онро дар идораҳои «Ҳумо» ё идораи хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 89 гузоштан мумкин аст. Давоми се шабонарӯзи минбаъда ба рақами аризадиҳанда СМС бо қарори ташкилоти хурди қарзӣ ворид мегардад. Дар сурати тасдиқ гардидани қарз аз ҷониби ТАҚХ «Ҳумо» дар рақами истифодабарандаи «МегаФон Life» банди «Орзу» бо маълумот оид ба меъёри қарз фаъол мешавад. Ҳамин тариқ, ҳозир шудан ба толори алоқа танҳо як маротиба – барои гузоштани дархост зарур меояд.
Минбаъд қарзҳо аз ҷониби мизоҷ мустақилона тавассути «Ҳамён»-и замимаи «МегаФон Life» дар банди «Орзу» дастрас карда мешаванд. Маблағи дастраснамударо метавон барои пардохти маблағи молу хизматрасониҳои ҳамёни мобилӣ (ба ғайр аз хизматрасонии идораҳои букмекерӣ ва адонамоии қарзҳо) истифода бурд ё ба корти бонкии «Корти Миллӣ» гузаронида, дар банкоматҳо ё идораҳои МегаФон нақд намуд.
Барои зуд ва осон адо намудани қарз дар замимаи «МегаФон Life» бояд ба банди «Орзу» ворид шуда, транши заруриро интихоб намуд ва тугмаи «пардохт»-ро пахш кард. Инчунин адонамоии қарз бо ёрии ID-рақами нодир дар идораҳои «МегаФон Тоҷикистон» имконпазир аст.
Бо ёрии «Орзу» маблағ дастрас карда, орзуҳои худро амалӣ созед!
АКС: МегаФон Тоҷикистон









Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад






