Варзишгарони шиновари Тоҷикистон барои иштирок дар Олимпиадаи Париж-2024 омодагӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 12.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони шиновари тоҷик барои иштирок дар Олимпиадаи Париж-2024 омодагӣ мегиранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
8 апрели соли равон Вазири корҳои дохилии мамлакат Рамазон Раҳимзода, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бо мураббиёни мактабҳои варзиши шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ мураббиёнро барои такмил додани маҳорату малакаи касбии варзишгарони шиновар ва дар сатҳи баланд омода намудани онҳо ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи Париж-2024, инчунин дигар мусобиқаҳои дарпешистодаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳидоят намуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки варзишгарони шиновари Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ маҳорати баланд нишон дода, ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ сазовор гашта, номбардори Ватан мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои олимпӣ дар Париж аз 26 июл то 11 августи соли 2024 баргузор мешаванд. Соли гузашта Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ меъёрҳои тахассусии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж, шакли баргузории мусобиқот ва ҷадвали пешакии онҳоро тасдиқ кард.
Аз ҷумла, Федератсияи байналмилалии шиноварӣ шартҳо ва стандартҳои марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро тасдиқ намуд. Шиноварон барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ аз 1 марти соли 2023 то 23 июни соли 2024 мубориза мебаранд.
Дар баъзе барномаҳо стандартҳо то андозае мураккабтар шудаанд. Агар барои дарёфти роҳхат ба «Токио-2020» меъёри шиноварӣ ба масофаи 50 метр барои мардон 22,01 сония буд, пас шиноварон ин дафъа бояд ин масофаро дар 21,96 сония тай кунанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






