Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё аз намуди сабқати каноэи чорнафарӣ соҳиби медали биринҷӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ варзишгарони Тоҷикистон дар сабқати каноэи чорнафарӣ (С-4) дар масофаи 500 метр байни ҷавонони то 18-сола сазовори медали биринҷӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ҳайати дастаи ҷавонони Тоҷикистон Фирдавс Шарипов, Ҷалолиддин Собиров, Шуҳрат Шакаров ва Комрон Шакаров шомил буданд.
Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ байни ҷавонони то 18 ва то 23-сола ва пара-каноэ, ки 26 апрел дар шаҳри Самарқанди Узбекистон оғоз шуд, то 30 апрел идома меёбад.
Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон 26 варзишгарро ба ин мусобиқа равон намудааст.
АКС: Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






