Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ иштирок мекунанд

Апрель 21, 2023 19:09

ДУШАНБЕ, 21.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 апрел то 1 май дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ байни наврасону ҷавонон баргузор мешавад.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон барои иштирок дар чемпионат дар макони баргузории мусобиқот ба ҷамъомади машқӣ-варзишӣ фаро гирифта шуд.

Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 25 варзишгар (19 писар, 6 духтар): Юнусхуҷа Сафаралиев, Ислом Носиров, Муҳсинхуҷа Раҳматов, Муҳаммадӣ Раҷабов, Фирдавс Шарипов, Комрон Шакаров, Саидхуҷа Қодиров, Азизҷон Ҳайдаров, Ҷалолиддин Собиров, Шуҳрат Шакаров, Абдурасул Ҳаитов, Иброҳимҷон Қаҳоров, Амирҷон Бобоҷонов, Бобоҷон Бобоҷонов, Умар Рустамов, Ҷавоҳир Эргашев, Тимур Ёлкин, Собир Муродов, Салмон Валиев, Зумрат Пирназарова, Комила Пирназарова, Снежанна Гостева, Гузал Салимова, Анора Лагутенко ва Нозияхон Муҳиддинова намояндагӣ мекунанд.

Ҳайатро роҳбари даста Зоҳирҷон Набиев, мураббиён Нурмуҳаммади Тоҳир, Азиз Бобоҷонов, Александ Лагутенко, Абдусаттор Ғафуров, Олим Қодиров ва Ҳасан Шарипов ҳамроҳӣ мекунанд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 21, 2023 19:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд