100 ҷавони фаъол бо Стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуд

Май 22, 2023 19:41

ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) бо иштироки роҳбарияти шаҳр маросими супоридани стипендияҳои Раиси шаҳри Хуҷанд ба 100 хонандаву донишҷўи муассисаҳои таълимӣ ва варзишгарон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод хабар дод.

Дар маросими мазур  гуфта шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сӯи пешрафтҳои навин қадамҳои босубот мегузорад ва дар давраи ҷаҳонишавии босуръат масъалаҳои марбут ба рӯзгори ҷавонон ҳамчун неруи ояндасози давлату миллат ва ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

«Воқеан ҳам, ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Ба ҳамин хотир Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои мамлакат, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, давлатро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд ва барои дастгирии иқдоми бунёдкоронаи ҷавонон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад», — гуфта шуд дар ҳамоиш.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар қатори мардуми сарбаланд ва ватандӯсти мамлакат ҷавонони мо низ чун фарзандони асили миллат Ватани худро ба дараҷаи давлати пешрафта ва дорои мардуми босаодат мерасонанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҳавасмандкунӣ ва дастгирии моддиву маънавии хонандагон ва донишҷўёни мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ – техникӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳҳои олӣ, ки давоми соли хониши 2022-2023 дар таҳсил ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар чорабиниҳои оммавию фарҳангии шаҳр фаъолона иштирок карданд, сарфароз намудани онҳо бо стипендияи Раиси шаҳр ба ҳукми анъана даромадааст.

Аз ҷавонону наврасон хоҳиш карда шуд, ки ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул шуда, таърихи халқи худро аз бар намоянд, Ватанро аз ҷон дӯсттар дошта, арзишу суннатҳои милливу фарҳангиро эҳтиром кунанд ва ба боварию эътимоди Сарвари давлатамон ҳамеша сазовор бошанд.

Дар охир ба гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр аз ҷониби роҳбарияти шаҳр гувоҳнома ва маблағи пулӣ тақдим карда шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

 

Май 22, 2023 19:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?
1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад