27 май дар Душанбе Фестивали атласу адрас баргузор мегардад

Май 24, 2023 10:32

ДУШАНБЕ, 24.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 27 май дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он доир мешавад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тавсиб расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Бояд гуфт, ки дар доираи баргузории фестивал барои тарғибу ташвиқи анъанаҳои фарҳанги либоси миллӣ ва истеҳсоли матоъҳои атласу адрас беҳтарин либосҳои миллӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Дар идомаи фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишин пешкаши иштирокчиён мегардад.

Мақсад аз баргузории Фестивали атласу адрас — арҷ гузоштан ба либоси миллӣ, баланд бардоштани қадру манзалати ин либос, ки муаррифи фарҳанги миллӣ аст, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, инчунин тарғиби санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки санъати атласу адрасбофӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми тоҷик ҳанӯз дар ҳамон давра матоъҳои гуногунро гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуд ва он байни дигар мардумон маъруфу машҳур буд.

АКС аз манбаи боз

Май 24, 2023 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид