Дар ИМА хатари маргро аз саратони шуш ҳангоми дасткашии бармаҳал аз тамокукашӣ арзёбӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Табибони амрикоӣ муайян карданд, ки қатъи бармаҳали тамокукашӣ чанд сол пеш аз муайян намудани беморӣ эҳтимоли марги интиқолдиҳандагони саратони шуши ғайриҳуҷайравиро дар муқоиса бо бемороне, ки то ташхиси бемории бадсифат тамокукаширо идома медоданд, тақрибан 33% коҳиш медиҳад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дафтари матбуоти Донишгоҳи Ҳарвард хабар додааст.
Тибқи арзёбии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, саратони шуш дар қатори дигар бемориҳои дилу рагҳои хунгард ва дигар навъҳои варамҳо (омос) яке аз сабабҳои аслии марги бармаҳал дар одамон мебошад. Соли 2018 он тақрибан ҳаёти 1,76 миллион сокини сайёраро аз байн бурд, ки аксари онҳо аз сабаби тамокукашӣ ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Аз ин рӯ табибон ҳамеша ба сигоркашон тавсия медиҳанд, ки ҳарчи зудтар аз он даст кашанд.
Як гурӯҳ табибон бо роҳбарии профессори донишгоҳи Ҳарвард Давид Кристиан ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, ки тамокукашӣ на танҳо ба эҳтимоли инкишофи саратони шуш, балки инчунин ба он ки дар натиҷаи рушди чунин омосҳои бадсифат чӣ қадар беморон мемиранд ва то чӣ андоза онҳо пас аз ошкор шудани варам (омос) зиндагӣ мекунанд, низ таъсир мерасонад.
Тафовути шабеҳ дар тӯли умри муқаррарии беморон пас аз ташхис пайдо шудааст. Ба ҳисоби миёна, шахсони дорои саратони шуш, ки тамоку намекашанд, баъди ошкор шудани омосҳои бадсифат тақрибан 58 моҳ, собиқ сигоркашҳо тақрибан 51 моҳ ва тамокукашони фаъол ба ҳисоби миёна на бештар аз 34 моҳ зиндагӣ мекардаанд. Ин махсусан ба мардон ва одамони калонсол хос буд.
Фаҳмидани ин, тавре ки профессор Кристиани ва ҳамкорони ӯ умед доранд, ба табибон дар интихоби оптималии табобати беморон бо назардошти таърихи истеъмоли тамоку кумак мекунад ва инчунин ҳамчун далели иловагӣ ба манфиати ҳарчи зудтар даст кашидан аз тамокукашӣ хизмат менамояд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






