94,5 фоизи сокинони Ҷопон болоравии нархҳоро эҳсос карданд

Май 2, 2023 19:18

ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи назарсанҷие, ки чанде пеш Бонки Ҷопон гузаронид, дар умум 94,5 фоизи сокинони Ҷопон чунин мешуморанд, ки нархҳо нисбат ба соли гузашта боло рафтаанд ва ба гуфтаи 62,5 фоиз ин болоравии нархҳо «бисёр назаррас» аст, иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ  «Синхуа».

Пурсиши умумӣ аз 3 феврал то 1 март гузаронида шуда, дар он 1981 нафари 20-сола ва аз он боло иштирок намуд.

Дар мавриди вазъияти кунунии молиявии одамон бояд гуфт, ки 56 фоизи пурсидашудагон ҷавоб додаанд, ки “зиндагиашон мушкилтар гаштааст” ва ин паиҳам сеюм семоҳа аст, ки беш аз 50 фоизи иштирокчиён чунин мешуморанд.

Бештар аз нисфи пурсидашудагон дар се пурсиши охир иброз доштаанд, ки даромади онҳо бетағйир мондааст, ҳол он ки хароҷоташон тадриҷан боло рафтааст.

Пурсиш, ки ҳар се моҳ гузаронида мешавад, нишон дод, ки бештари пурсидашудагон хароҷоти худро барои маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва воситаҳои электрикӣ зиёд кардаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 2, 2023 19:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад