АМАЛИЁТИ «СОҲИЛИ ТОЗА» ДАР ХОРУҒ. Он ба баланд бардоштани маърифати экологии наврасон равона гардидааст

Май 17, 2023 17:40

ХОРУҒ, 17.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири тоза нигоҳ доштани соҳили дарё ва баланд бардоштани маърифати экологии кӯдакону наврасон бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳили дарёи Панҷ амалиёти «Соҳили тоза» гузаронида шуд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар додааст. 

Амалиёти муштараки «Соҳили тоза» бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои як ва ёздаҳ дар соҳили дарёи Панҷ гузаронида шуд.

Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр Фирӯз Гулзоров гуфт, ки «Тоҷикистон бо табиати афсунгар, кӯҳҳои осмонбӯсу дарёҳои паҳну пурхурӯш, ҳавзҳову чашмаҳои мусаффову шифобахш ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи олимону сайёҳони ҷаҳон қарор дорад. Яке аз калонтарин дарёҳои Тоҷикистон- ин дарёи Панҷ аст, ки аз дарёҳои Помиру Вахон сарчашма мегирад. Дарозии он зиёда аз 900 километр буда, суръати ҳаракати он дар як сония то ба ҳазор метр мерасад. Аз ҳама муҳим, дар қад-қади ин дарё садҳо кӯдакону наврасон ба оббозӣ мешғул мешаванд ва оби онро истеъмол мекунанд. Аз ин рӯ тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарё яке аз вазифаҳои муҳими ҳар сокини болооби он ба шумор меравад. Ҷалби кӯдакону наврасон ба баргузории ин ташаббус ба баланд бардоштани маърифати экологии онҳо равона гардидааст, то минбаъд ин анъана аз насл ба насл интиқол ёбад».

Сардори Раёсати муҳити зисти вилоят Мулкамон Назаралиев гуфт, ки «дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии ноҳияҳои вилоят чунин амалиётро аз саргаҳи дарёи Панҷ, яъне водии Вахон то ноҳияи Дарвоз баргузор намуда, соҳили ин дарёро аз ҳар гуна ахлоту партовҳои маишӣ ва маводи пластикӣ тоза мекунем. Ин гуна ташаббус имконият фароҳам меорад, ки Бадахшон ба яке аз бузургтарин минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон табдил ёбад ва барои саёҳати бофароғати гардишгарони ватанию хориҷӣ заминаи мусоид ба вуҷуд ояд».

Раёсати ҳифзи муҳити зист бо гузаронидани ин гуна амалиёт талош меварзад, ки тозаву покиза нигоҳ доштани муҳити атроф  ба кори доимии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят мубаддал гардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Май 17, 2023 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад