«ҶАВОНОН — МУҲАРРИКИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ИННОВАТСИОНӢ». Дар Душанбе Форуми миллии соҳибкорӣ баргузор мегардад

Май 14, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 14.05.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ, 15 май, соати 15:00 дар  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон — муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ»  Форуми миллии соҳибкорӣ баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Форуми мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рушди зеҳнӣ ва иқтисодии ҷавонон»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) бо иштироки соҳибкорони муваффақ доир мегардад.

Ҳадафи форуми мазкур ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва мусоидат дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ буда, барои ба роҳ мондани стратегияҳои иловагӣ дар самти таъсиси ҷойи кор байни ҷавонон мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 14, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар