БА ВАТАН-МОДАР СОДИҚ БОШЕМ! Ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати ҳарбӣ бояд омода намуд
ДУШАНБЕ, 09.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хизмат ба Ватан шараф аст. Тавре медонем, шуруъ аз 1 апрел дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, ҳоло идома дорад. Дар умум, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шуруъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад. Чунин иброз намуд ходими илмии шуъбаи иттилоот, робитаҳои илмӣ ва омӯзиши тамаддуни Шарқи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Умед Пудинаев вобаста ба ин мавзуъ.
— Хизмат ба Ватан-Модар шарафи ҷавонмардист, аз ин рӯ ҷавонони боғайрату шуҷоъ бе ягон мушкилӣ ба сафи артиш мепайванданд. Мо ҳам аз шуҷоату мардонагии ҷавонони тоҷик умеди калон дорем. Имрӯз дар мамлакати мо амнияту суботи комил пойдор аст ва боварӣ дорем, ки ҷавонони бонангу номуси тоҷик қудрати ҷавонии худро истифода карда, Ватани азизамонро бо баҳои ҷои хеш ҳимоят мекунанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ гуфта буданд, «ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам. Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд».
Тавре мушоҳида мекунем, имрӯзҳо иддае аз ҷавонон бо хоҳиши худ, машварати дӯстону наздикон ва тавсияи омӯзгоронашон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд. Вале як нукта мавриди нигаронӣ қарор дорад, ки бархе аз ҷавонони дигар, мутаассифона, бо ҳар баҳона аз хизмат даст мекашанд.
Дар ҳоле ки хизмат ба Ватан на танҳо қарзи имониву виҷдонии ҳар ҷавонмарди бонанги тоҷик аст, балки он нишонаи ору номус низ ҳаст.
Шоири ширинбаён Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ дар ин хусус ишораи хубе дорад:
Пушти по зан тахти Кайковусро,
Сар бидеҳ, аз даст мадеҳ номусро
«Ба доно як ишора» гуфтаанд. Имрӯз бояд ба наврасон дуруст фаҳмонид, ки хизмат дар сафи Артиш аслан тарбия ва омӯзиши сабр аст. Чун инсон аз замони наврасӣ эҳтиёҷ ба тарбия дорад. Аз ҷумлаи беҳтарин макон барои тарбияи ҷавонон- ин пайвастан ё хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аст. Чунки дар артиш ба навсарбозон сабру таҳаммул, ҷавонмардию вафодорӣ ва хирадмандӣ меомӯзанд. Қавиирода будану дӯстдори ёру диёр будан меомӯзанд. Тайи муддати сарбозӣ онҳо соҳибкасбу ҳунарманд низ мешаванд.
Оё наврасон медонанд, ки масалан вафодорӣ чист? Вафодор будан ба чӣ маъност? Бояд фаҳмид, ки вафодор будан- фидокорӣ, субот, садоқат аст. Вафодорӣ ба ормонҳои миллӣ, вафодорӣ ба азизону гузаштагон. Садоқат ба худу дигарон. Садоқат ба ҳар зарра хоки поки Ватан, дӯст доштану муҳофизат кардани он.
Дар сафи артиш ба ҷавонони мо муқаддас будани Ватанро меомӯзанд. Вақте мо калимаи Ватанро ба забон меорем, Модар пеши назар меояд, зеро агар модар моро ба дунёи ҳастӣ оварда бошад, Ватан моро парваридааст. Ватан ба сари мо дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагӣ оғӯш кушодааст. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳову беҳамтост. Гузашта аз ин, дӯстдории Ватан аз гӯшаи имон аст!
Бояд гуфт, ки моҳияти мавзуи ватандӯстӣ дар ҳама давру замон мавзуи калидии ватандпарастон буду ҳаст, чун бе Ватан башарият оромӣ надорад. Бе Ватан мардум сарсону саргардон мешавад. Масалан, курдҳоро гирем, ки имрӯз шумораи онҳо беш аз 80 миллионро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин онҳо соҳиби давлати мустақил нестанд. Аз ин лиҳоз, соҳиби давлати алоҳида будани тоҷикон саодати бузург аст. Дар бораи нооромиҳои мардуми афғону дигар мамлакатҳои Шарқ ҷойи ёдоварӣ ҳам нест, чаро ки ҳамарӯза аз тариқи расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ наворҳои даҳшатафкану харобиовар паҳн мешаванд.
Танҳо ақидаи дуруст метавонад андешаи ҷавононро дуруст кунад. Аз овони мактабхонӣ наврас бояд нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ маълумоти дақиқ дошта бошад. Дар дарсҳои мудофиаи ҳарбӣ бояд ба наврасон мафҳуми ҳифзи марзу бум, ватандӯстдорӣ, шараф ва садоқатмандӣ фаҳмонида шавад. Ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ бояд ба хизмати Ватан омода кард. Ҷавонони мо бояд бо эҳсоси баланди соҳибватанӣ ба хизмати Ватан омода бошанд.
Тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, онҳо мисли солҳои пешин ихтиёрӣ барои ба хизмати низомӣ рафтан ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир мешаванд. Омилҳои пеш аз муҳлат анҷом додани нақшаи даъват дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат агар аз як тараф ба дастгириву ғамхории пайвастаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Артиши миллӣ вобаста бошад, аз ҷониби дигар, ин ба зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ низ рабт дорад. Зеро дар он шаҳру ноҳияе, ки масъулин ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо мардум ҳамкории зич ба роҳ мемонанд, дар чунин минтақаҳо дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ монеаву мушкилӣ кам ба назар мерасад.
Имрӯз, дар даврони истиқлоли давлатӣ, хушбахтона, дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ шароити хизмативу майишӣ ва таълимӣ пурра муҳайё гардида, шаҳрвандон имкон доранд дар фазои сулҳу суботи ҷумҳурӣ ва дар Ватани азизи худ хизмати пуршарафи Ватан-Модарро адо намоянд.
Умед ПУДИНАЕВ,
корманди Маркази мероси хаттии назди Раёсати
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»/ манбаъҳои боз