Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд

Ноябрь 4, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ ва пешгирии ифлосшавии садамавии обҳо дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа муовини якуми сардори Хадамот Ардашер Мирзозода, сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Холиқзода ва нозир оид ба захираҳои об ва энергетикаи шуъбаи иқтисодию экологии Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Анита Эйсахани сухан гуфтанд. Зимни ҷаласа қарорҳо ва тавсияҳои ҷаласаи чоруми гурӯҳи корӣ баррасӣ гардида, мақсаду вазифаҳои ҷаласаи панҷум ва рӯзномаи корӣ муайян карда шуданд.

Баргузории ҷаласаи мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти махсус дорад. Зеро 9 июни соли 2026 Конвенсияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо оид ба таъсири фаромарзии садамаҳои саноатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифт ва Тоҷикистон ба 43-юмин ҷониби Конвенсия табдил ёфт. Ин иқдом барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, пешгирии садамаҳои саноатӣ ва коҳиш додани хавфҳои фаромарзии экологӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2022 бо пешниҳоди Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ ва пешгирии ифлосшавии садамавии обҳо таъсис дода шудааст. Гурӯҳи корӣ таҳти ҳамоҳангсозии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, намояндагони вазорату идораҳои дахлдорро муттаҳид месозад. Дар доираи фаъолияти он бо дастгирии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ва ҷалби коршиносони байналмилалӣ ҷаласа ва семинарҳои соҳавӣ баргузор мегарданд.

Дар идомаи ҷаласа намояндагони Хадамот, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва корхонаҳои саноатӣ оид ба вазъи кунунӣ, корҳои анҷомдода, мушкилот ва афзалияти минбаъда дар самти таъмини бехатарии партовгоҳҳо, пешгирии садамаҳои саноатӣ ва ҳифзи захираҳои об маълумот пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин масъалаҳои татбиқи амалии Конвенсия, таҳкими низоми миллии бехатарии саноатӣ, таъсиси низоми мониторинг ва огоҳонии барвақт барои партовгоҳҳо, истифодаи харитаҳои хавф ва платформаҳои рақамии иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Коршиносони Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид (ЭСКАТО) ва муассисаҳои илмии минтақа оид ба таъсири тағйирёбии иқлим ба бехатарии партовгоҳҳо, дурнамои ҳамкории минтақавӣ ва истифодаи роҳҳои ҳалли ба табиат нигаронида барои пешгирии ифлосшавии обҳо маъруза пешниҳод карданд.

Дар бахши ҷамъбастии ҷаласа натиҷаҳои иҷрои Нақшаи кори Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ барои солҳои 2025–2026 баррасӣ гардида, лоиҳаи нақшаи корӣ барои солҳои 2026–2027 муаррифӣ ва мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳамзамон самтҳои афзалиятноки фаъолияти гурӯҳ барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки идомаи ҳамкории байниидоравию байналмилалӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва татбиқи тадбирҳои мушаххаси пешгирикунанда барои баланд бардоштани сатҳи бехатарии саноатӣ, ҳифзи захираҳои об ва таъмини амнияти экологӣ дар мамлакат аҳаммияти муҳим дорад.

АКС: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 4, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид