Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 2 ноябри соли 2026 пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ин натиҷаи ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор, тақвияти корҳои ташкилию фаҳмондадиҳӣ, баргузории омӯзишҳои пешаздаъватӣ ва чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад. Ҳамзамон баланд гардидани ҳисси масъулиятшиносӣ ва худогоҳии ватандӯстонаи ҷавонон ва волидони онҳо дар иҷрои саривақтии нақшаи даъват нақши муҳим гузоштааст.
Тавре мушоҳида мегардад, дар ин маърака шумораи ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ ҳозир мешаванд, афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, ҷавонони дорои маълумоти олӣ ва хатмкардагони Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа», ки мутахассисони соҳаҳои гуногунро барои хизмат дар Артиши миллӣ омода менамоянд, бо ҳисси баланди масъулият ба иҷрои қарзи шаҳрвандии худ омодагӣ нишон медиҳанд.
Ҳамчунин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, беҳтар гардидани шароити хизмат ва таъминоти хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ ба баланд гардидани эътимоду ҳавасмандии ҷавонон барои адои хизмати ҳарбӣ мусоидат менамояд.
Ин панҷумин даъват дар солҳои охир мебошад, ки ҷавонони вилояти Хатлон бо ташаббуси худ ва ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд ва нақшаи даъват дар рӯзҳои аввал таъмин мегардад. Ин раванд аз болоравии ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии насли ҷавон шаҳодат медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии имсола шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд. Даъвати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба: аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр анҷом дода мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд






