БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ҷамоати деҳоти шаҳри Турсунзода корҳои мумфаршкунии 8 км роҳ оғоз ёфт

Май 13, 2023 15:29

ДУШАНБЕ, 13.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 май дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти  шаҳри Турсунзода корҳои  мумфаршкунии 8 км роҳи байни деҳаҳои Шарқиён ва Файзбахш оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Иқдоми мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба роҳ монда шуда, барои босифат анҷом додани мумфаршкунии роҳ техникаҳои Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода ва корхонаҳои коркарди қуму шағал ҷалб карда шуд.

Сокинони деҳот ва соҳибкорони маҳаллӣ низ бо ҷонибдорӣ аз ин иқдоми нек ба корҳои роҳсозӣ кумак менамоянд.

Дар баробари ин роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ният дорад, ки рӯзҳои наздик таъмири ҷории боз 6,5 км роҳҳои мошингарди байни деҳаҳо ва маркази шаҳрро ба роҳ монад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Май 13, 2023 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид