БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ғолибони мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 12.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 11 май дар шаҳри Душанбе ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявии давлатию ғайридавлатӣ, ки моҳи феврал оғоз гардида буд, қадршиносӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқаи мазкур 44 даста аз вазорату идора ва ташкилоту муассиса байни ҳам рақобат кард. Ҷойи якум ба дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуда, ҷойи дуюм насиби дастаи Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” гардид ва ҷойи сеюм ба дастаи “Ориёнбонк” дода шуд.
Ба ғолиби ҷойи якум 7000 сомонӣ, ҷойи дуюм 5000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 3000 сомонӣ тақдим карда шуд.
Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ роҳбарияти Кумита, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон сухан гуфта, ба ғолибону ҷоизадорон туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






