Байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон «TDH» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Май 10, 2023 17:39

ДУШАНБЕ, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон «TDH» ба имзо расид.

Санади мазкурро пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода ва Раиси Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон «TDN» Мердан Газакбаев имзо намуданд.

Ёддошти тафоҳум бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар самти табодули иттилоот ба тасвиб расид.

Дар асоси ин санад ҷонибҳо роҷеъ ба  рӯйдодҳои муҳими  ҳаёти дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон ба ҳамдигар мавод пешниҳод намуда, ба хотири баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон табодули таҷриба ва сафарҳои омӯзишӣ ба роҳ мемонанд.

Ёдовар мешавем, ки дар маҷмуъ дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорату идораҳо 22 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 10, 2023 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид