Байни Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Академияи меҳмондорӣ ва менеҷменти сайёҳии Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 25.05.2023/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ал-Риёз байни Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистону Академияи меҳмондорӣ ва менеҷменти сайёҳии Арабистони Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре аз Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар пойтахти Арабистони Саудӣ — шаҳри Ал –Риёз мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо ректори Академияи меҳмондорӣ ва менеҷменти сайёҳии Арабистони Саудӣ хонум Амал Алатви доир гардид.
Мусоҳибон дар мулоқот масъалаи оғози ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимӣ, махсусан дар самтҳои омодасозии муштараки кадрҳо дар риштаҳои сайёҳӣ, меҳмондорӣ, зеҳни сунъӣ, IT-сервис, WEB-дизайн ва амсоли инҳо ибрози назар намуданд.
Ҷонибҳо инчунин ҷиҳати ташкили чорабиниҳои илмии муштарак, тақвияти фаъолияти паркҳои технологӣ, таҳияи лоиҳаҳо, ба роҳ мондани таҳқиқоти илмии муштараки олимону муҳаққиқон, ташкили машғулиятҳои онлайнӣ ва ҳузурии ду тараф ҳавасмандӣ зоҳир карда, баҳри зудтар амалӣ гаштани онҳо таклифу пешниҳодҳои мушаххас намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба табодули академии донишҷӯён ва бозомӯзии омӯзгоронро мавриди баррасии амиқ қарор доданд.
Ба намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пойгоҳи моддӣ-техникии Академияи меҳмондорӣ ва менеҷменти сайёҳии Арабистони Саудӣ муаррифӣ гардид. Ҳайати Донишгоҳ ҳамчунин бо имкониятҳои таҳсил дар Академияи меҳмондорӣ ва менеҷменти сайёҳии Арабистони Саудӣ аз наздик шинос шуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад






