Байни Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Академияи меҳмондорӣ ва менеҷменти сайёҳии Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Май 25, 2023 19:35

ДУШАНБЕ, 25.05.2023/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ал-Риёз байни Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистону  Академияи меҳмондорӣ ва менеҷменти сайёҳии Арабистони Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре аз Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар пойтахти Арабистони Саудӣ — шаҳри Ал –Риёз  мулоқоти  Ректори Донишгоҳи  байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло  Асрорзода бо   ректори Академияи меҳмондорӣ ва менеҷменти сайёҳии Арабистони Саудӣ хонум Амал Алатви доир гардид.

Мусоҳибон дар мулоқот  масъалаи  оғози ҳамкорӣ  байни муассисаҳои таълимӣ, махсусан дар самтҳои омодасозии муштараки кадрҳо дар риштаҳои сайёҳӣ, меҳмондорӣ, зеҳни сунъӣ, IT-сервис, WEB-дизайн ва амсоли инҳо ибрози назар  намуданд.

Ҷонибҳо инчунин  ҷиҳати  ташкили чорабиниҳои илмии муштарак, тақвияти фаъолияти паркҳои технологӣ, таҳияи лоиҳаҳо, ба роҳ мондани таҳқиқоти илмии муштараки олимону муҳаққиқон,  ташкили машғулиятҳои онлайнӣ ва ҳузурии ду тараф ҳавасмандӣ  зоҳир карда, баҳри зудтар амалӣ гаштани онҳо таклифу пешниҳодҳои мушаххас намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба табодули академии донишҷӯён ва бозомӯзии омӯзгоронро мавриди баррасии амиқ қарор доданд.

Ба намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пойгоҳи моддӣ-техникии Академияи меҳмондорӣ ва менеҷменти сайёҳии Арабистони Саудӣ муаррифӣ  гардид.  Ҳайати Донишгоҳ ҳамчунин бо  имкониятҳои таҳсил дар Академияи меҳмондорӣ ва менеҷменти сайёҳии Арабистони Саудӣ  аз наздик шинос шуданд.

 АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Май 25, 2023 19:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид