Бар асари борони шадид дар Танзания 37 кӯдак ба ҳалокат расид

Май 2, 2023 14:45

ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари бориши шадид дар 9 ноҳияи Танзания дар давраи аз моҳи январ то 28 апрел  қариб 37 кӯдак ба ҳалокат расидааст. Дар ин хусус намояндаи полиси Танзания Дэвид Мисиме рӯзи шанбе хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ «Синхуа».

 Бархе кӯдаконро обхезӣ шуста, бархеи дигар дар чоҳҳо ва ҳавзҳо ғарқ шудаанд.

Аз падару модарон ва парасторон даъват карда мешавад, ки кӯдакон дар вақти борон аз хона берун набароянд ва мақомоти дахлдор дар ҷойҳои захиракунии об, аз ҷумла чоҳҳо ва ҳавзҳо шиорҳо насб кунанд.

Хадамоти обуҳавосанҷии Танзания ҳушдор додааст, ки бориши шадид дар минтақаҳои гуногуни мамлакат метавонад сабаби обхезӣ бо оқибатҳои  нохуш гардад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 2, 2023 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд