Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе корҳои омодагӣ ба ташкили истироҳати кӯдакону наврасон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 02.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2023 тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи қарори мазкур, истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешавад, дар мавсими таътили тобистонаи имсола дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт бо назардошти талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ташкил мегардад.
Раиси шаҳри Душанбе масъулинро муваззаф намудаанд, ки то 1 июни соли 2023 дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчуруд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», инчунин майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудааст, корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, сабзазоркунию ниҳолшинониро ба анҷом расонида, иншооти мазкурро барои қабули кӯдакону наврасон омода намоянд.
Ҳамзамон дар асоси қарори мазкур масъулин вазифадор гардидаанд, ки истироҳатгоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ ва наздимактабиро бо мутахассисон таъмин намуда, барои пешниҳоди роҳхатҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат ва кӯдакони кормандони соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин ҳамлу нақли онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва бозгашт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, ки роҳбарии методии ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасонро таъмин карда, барои гузаронидани чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва таъмини истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ тадбир андешад.
Дар асоси қарор Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати бо мутахассисони зарурии тиббӣ таъмин намудани истироҳатгоҳҳо ва фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ, солимгардонӣ тадбирҳо андешида, назорати вазъи санитарию гигиении истироҳатгоҳҳоро дар давраи таътили тобистона таъмин менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд






