БО ИФТИХОРИ БАЛАНД АЗ СОҲИБВАТАНӢ. 200 хатмкунандаи Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар вазъияти тантанавӣ бо баргузор намудани чорабинии пуршукуҳ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими гусели қариб 200 хатмкунандаи ин муассисаи олӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод хабар дод.
Дар маъракаи гусел роҳбарияти вилояти Суғд, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки тибқи анъана, донишҷӯёни донишкада аз ҳисоби хатмкунандаҳо бо хоҳиши худ ду сол инҷониб барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ мекунанд. Имрӯз низ як гурӯҳ аз донишҷӯён пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд.
Вақте сухан дар бораи ҳимояи марзи Ватан меравад, пеши назар симои ҷавонони бонангу номус ва далеру шуҷоъ меояд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, «адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ барои ҳар ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад».
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони донишкада бо дониши мукаммал ва рафтори намунавии худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ масъулиятнокӣ ва далерӣ нишон хоҳанд дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






